Ҷаласаи маҷозии гурӯҳи кории Русияву Тоҷикистон дар самти соҳаи кишоварзӣ
Дар бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федерасияи Россия оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ доир ба имкониятҳои мавҷуда ва истифоди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзии мамлакатро ба иштирокдорон муфассал муаррифӣ намуд.
Ҷаласаи мазкур фаъолияти минбаъдаи ҳамкориҳои вазоратҳои мазкурро оид ба муомилоти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, дар бораи ташаккули феҳристи ширкатҳои содиркунанда, инчунин як қатор маҳсулоти кишоварзӣ, ки имкони афзоиши содироти мутақобила ба бозорҳои ҳарду кишвар, дар бораи бастани шартномаҳои мустақим оид ба таҳвили ваксинаҳои байторӣ ва системаҳои ташхиси тестӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати байторӣ ва фитосанитарӣ, дар бораи таҳияи «Харитаи роҳ» барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2023 мавриди музокироти ҷонибҳо қарор дода шуд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот