Кумаки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон ба МДТ "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон
Санаи 19-уми апрели соли 2022 ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру садоқат ва дастгирии мардуми ниёзманд мебошад бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарасторони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон кумак расонида шуд.
Бо ташаббусу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ин иқдоми некро анҷом медиҳад.
Тибқи супориши мазкур муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо Тайгуншозода ба МДТ "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон" ташриф оварда аз ҳоли кӯдакони ятим, ки ташнаи меҳру муҳаббат ва ғамхориҳо мебошанд бохабар шуда, ба онҳо 4 (чор)-адад мошинаи дарздӯзии тамғаи JANOME дастрас намуда ва дар оянда низ корҳои хайриявиро идома хоҳанд дод.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот