Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли 2022
Санаи 20-уми апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ, муовини якуми вазир Мирзозода Музаффар, муовини вазир Нигина Анварӣ ва Зеваршои Зеваршо, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон, сардорони сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ташкилотҳои зертобеи вазорат, институтҳои АИКТ, Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамзамон намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентиҳои омор, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал ширкат варзиданд.
Маҷлиси ҳайати мушовараро Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ ифтитоҳ намуд.
Муовини якуми вазир Мирзозода Музаффар оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли 2022 маърӯза намуд.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳо, раёсатҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ташкилотҳои зертобеи вазорат низ оид ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта баромадҳо намуданд.
Аз ҷониби сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ аз ҳамаи масъулин пурсишҳо ба амал овардашуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон