Гузориши матбуотӣ ба санаи 22.04.2022
Рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2022 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 158019 гектар кишти зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2022 дар майдони 170189 гектар кишт гузаронида шудааст, ки 108%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 114657 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 29087 гектар зироатҳои равғандеҳ, 40000 гектар картошка, 18579 гектар полезӣ, 41533 гектар сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво 23335 гектар мебошад.
Ба ҳолати 22.04.2022 дар ҷумҳурӣ 91501 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 15579 гектар зироатҳои равғандеҳ, 13284 гектар картошка, 10213 гектар полезӣ, 27643 гектар сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво 17108 гектар кишт карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 3890 гектар, иҷро шуд 702 гектар, картошка нақша 2000 гектар, иҷро шуд 55 гектар, сабзавотҳо нақша 407 гектар, иҷро шуд 16 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 67336 гектар, иҷро шуд 88773 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 8643 гектар, иҷро шуд 2759 гектар, картошка нақша 18500 гектар, иҷро шуд 6749 гектар, полезӣ нақша 6095 гектар, иҷро шуд 703 гектар, сабзавотҳо нақша 9720 гектар, иҷро шуд 5397 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 8376 гектар, иҷро 8849 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 27364 гектар, иҷро шуд 18192 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 9040 гектар, иҷро шуд 7364 гектар, картошка нақша 7800 гектар, иҷро шуд 5849 гектар, полезӣ нақша 11900 гектар, иҷро шуд 9502 гектар, сабзавотҳо нақша 20520 гектар, иҷро шуд 17815 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 10948 гектар, иҷро 7273 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 16067 гектар, иҷро шуд 16834 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 11375 гектар, иҷро шуд 5456,1 гектар, картошка нақша 11700 гектар, иҷро шуд 3631 гектар, полезӣ нақша 549 гектар, иҷро шуд 8 гектар, сабзавотҳо нақша 10886 гектар, иҷро шуд 4415 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 3897 гектар, иҷро 978 гектар,.
Рафти кишти пахта дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта гузаронида шавад, ба ҳолати 22.04.2022 дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ 170982 гектар кишт гузаронида шуд.
Рафти бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёви бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 22.04.2022 рафти бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёви бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, дар майдони 2255 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки аз он боғ 2082 гектар, токзор 174 гектар буда, боғҳои интенсивӣ 123 гектар ва барқароркунии боғу токзори куҳна 1374 гектарро дар бар мегирад.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
То санаи 24.04.2022 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамовии ҷумҳурӣ дар майдони 120,7 гектар кишти сабзавот дар гармхонаҳои доимоамалкунанда гузаронида шудааст, ки аз он помидор 62,8 гектар, бодиринг 27,5 гектар ва дигар сабзавотҳо 30,3 гектарро ташкил медиҳад. Ба ҳамин давра ба миқдори 1416,6 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 601,8 тонна, бодиринг 397,2 тонна ва дигар сабзавотҳо 417,6 тонна мебошад.
Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 415 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 192 адад, комбайни ғалладарав 8 адад, испори тракторӣ 134 адад, мошини алафдаравӣ 3 адад, кулухмайдакунак (фреза) 10 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 37 адад, дорупошак 7 адад, нурипошак 5 адад , картошкаканак 3 адад ва картошкашинонак 12, алафдаравак 12 адад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.04.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27405 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1592 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1100 адад комбайни ғалладарав, 8847 адад ядакҳои тракторӣ, 10271 адад испорҳои тракторӣ, 3385 адад култиваторҳо, 2301 адад тухмипошакҳо аз он: 1888 адад тухмипошакҳои пахта, 1459 адад достҳои тракторӣ, 801 адад тойбанду тагрезчин, 142 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 21 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 493 адад картошкаканакҳо, 191 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 285 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.
Наслгирии чорвои майда
Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъркаи наслгирї аз чорвои майда фармоиши Вазорат аз 31 январи соли 2022, №11 ба тавсиб расида, гурўҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Дар асоси фармоиши мазкур ташкилотњои зертобеи самти чорводории вазорат, сарраёсату раёсат ва шўъбаҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи наслгирӣ чораҷўӣ намоянд.
Боиси зикр аст, ки мутобиқи маълумоти оморӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)- и ҷумҳурӣ 395323 сар меш ва модабуз мавҷуд буда, дурнамои наслгирӣ дар соли ҷорӣ 355924 сарро ташкил дода ба 100 сар меш ва модабуз 90 сари рост меояд.
Аз рўи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 08.04.2022 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ 303016 барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7969 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 77 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тел: 2-35-39-23