Парвариши ниҳол ва бунёди боғҳои саноатии хуч (настаран)
Оид ба мавзўи зикршуда ҳамсўхбат мешавем бо Сармутахассиси корхонаи воҳидии давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эраҷи Талаб.
Қабл аз ҳама дуруду сипос ба Шумо ва каме дар бораи меваи хуч ва дараҷаи ғизонокии он ҳарф мезадед?
Хуч дар қатори пистаю чормағз яке аз зироатҳои асосӣ ва фоидабахши ҷангалҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар таркиби меваи хуч миқдори зиёди моддаҳои фаъоли биологӣ мавҷуданд. Аз ҳамин сабаб хучро поливитамин ҳам меноманд.Бо миқдори витамини С ягон зироат ба ў баробар шуда наметавонад. Дар таркиби меваи хуч витамини С нисбати сабзавотҳо якчанд бор, нисбати қот (смородина) 10 бор ва нисбати лимў 100 баробар зиёдтар аст. Таркиби меваи хуч аз моддаҳои фаъол бо иштироки Р( фосфор), витаминҳои Е, В1, В2, В9, каротин, моддаҳои даббоғӣ (дубилтные вешества), пектин, пайватаҳои азотӣ, флавоноидҳо қандҳо, кислотаҳои органикӣ, равғанҳо ва микроэлементҳои гуногун хунофар, аз қабили Fe-оҳан, Mn-марганетс, Mg-магний,Ca- калсий,K- калий,Cи- мисс ва тсинк хело бой аст.
Дар таркиби меваи витаминҳои меваи хуч витаминҳои гурўҳи Э ёфт шудаанд, аз ҳамин сабаб барои табобати касалии агросклероз ҳамаҷониба истифода мегардад. Катехинҳо аз ҳама зиёд дар таркиби меваи хуч во мехўранд.
Аз донакҳои хуч равған ҳосил мекунанд, ки аз ҷиҳати табобатӣ ба равғани ангат қариб баробар аст ва дар тиб бо муваффақият истифода мешавад. Гулҳо, баргҳо ва решаи хуч ҳам аҳамияти табобатӣ доранд. Инсон барои организми худро аз витаминҳои С ва Р таъмин намудан, бояд дар як шабонарўз 6-12 грамм меваи хучро истеъмол намояд.
Хуч аз қадим дар тибби халқӣ ва дорутайёркунӣ истифода мешавад. Ҷўшобаи аз навдаҳо тайёршударо барои табобати ревматизму радикулит ва ҷўшобаи аз гулҳо омодашударо барои бемориҳои асаб истифода мебаранд. Гулу гулбаргҳо, навдаю баргҳо, решав ва ҷўшобаи онҳоро барои табобати сихзании меъдаю рўда, табобати сулфа, дарди чашмон, ба муқобили кирмҳои бадани инсон, касалиҳои санги гурда, талхдону пешобдон, касалиҳои дилу рагҳо, касалии полиартрит, касалии табларза ва ғайра истифода мебурданд.
Аз решаҳои хуч барои рангубори матоъҳо ранги қаҳваранг тайёр мекарданд. Дар Европа аз донаҳои бирёншуда, дар баъзан ҳолатҳо бо иловаи меваи бирён кофе, аз мевааш бошад вино тайёр мекунанд. Навдаҳои ҷавони хуч ҳамчун салат истифода мешуданд.
Орди аз навдаҳои хушки хуч тайёршуда ҳамчун ғизои бойшуда барои чорво истифода бурдан мумкин, он аз витаминҳои С, протеин, равған, клетчака, калсий, фосфор, каротин ва қанд хело бой мебошад.
Хуч аҳамияти калони экологӣ дорад, аз ҷумла дар мубориза бар зидди шусташавии хок, оббурдпшпвӣ, дар мустаҳкам намудани қумзорҳо ва заминҳое, ки барои истифодаи кишоварзӣ ноқулай ҳастанд, маъмулан истифода мешавад.
Таъсири парвариши хуч ба экология чӣ гуна мебошад ва тарзи парвариши онро шарҳ медодед?
Дар бисёр давлатҳо хуч барои бунёди боғҳои экологӣ ва ҳамчун буттадевор (девори зинда) истифода мешавад. Ниҳолҳои ҷавони хасакии ўро барои пайванд намудани садбаргҳои қимматбаҳо истифода мебаранд.
Буттаи хучро барои мустаҳкам намудани деворҳои заминҳои оббурда, заминҳои ярчрафта, нишебии таллу теппаҳо, хоклутаҳое, ки ҳангоми бунёди роҳҳо ба вуҷуд меоянд, истифода мебаранд. Хуч ба хушкии ҳаво ва хок тобоварии баланд доранд, аз ҳамин сабаб ўро дар заминҳои шароити обу хокашон вазнинтарин мешинонанд.
Хуч аз худ фитонсинҳо (заҳрҳо раснанигӣ) ҷудо менамояд, ки ба паҳншавии бактерияву барангезандаи бисёр касалиҳо монеъ мешавад, аз ин хотир дар бунёди боғҳои санитарию табобатӣ васеъ истифода мегардад.
Баъзан барои нигоҳ доштани ҳолати хуби боду ҳаво (аэратсия) ва нағзтар реша давондан қаламчаҳо бо реги тоза пўшонида мешавад. Дар ҳолати нарасидани равшанию гармӣ, намӣ ва ҳаво ё дар ҳолати аз меъёр зиёд будани гармӣ мумкин аст, ки қисми зиёди қаламчаҳо касал шуда хушк шаванд. Агар дар моҳҳои апрел-июл қаламчаҳо бо фунгисидҳо (заҳрҳои химиёвӣ ба муқобили касалиҳо занбуруғӣ) байлетон ва ридомил коркард шаванд, пўсидани қаламчаҳо ва нобудшавии решачаҳо хело кам мегардад.
Аз нимаи дуюми моҳи август сар карда қаламчаҳои решагирифта босуръат афзоиш меёбанд, 3-5 навда ба вуҷуд меояд ва баландии онҳо ба 1-1,5 м ва ҳатто то 2,5 м мерасад. Миқдори қаламчаҳои решагирифта ба ҳисоби миёна ба 23-28%баробар мешавад, қаламчаҳои навъи Шаҳло бошад, то 50% реша мегиранд. Ҳавои нарм ва салқин ба решагирии қаламчаҳои хуч таъсири мусбӣ мерасонад.Дар мавзеъҳои ҳавояш муътадил нисбат ба мавзеъҳои иқлимаш гарм решагирии қаламчаҳо зиёдтар аст.Барои парвариши ниҳоли хуч қаламчаҳои сабз ҳам истифода мешаванд. Қаламчаҳои сабз дар миёнаи тобистон тайёр мешаванд ва ба дохили хандақҳо дар даруни қум ё хоки нарми сабук шинонида мешаванд. Болои хандақҳо бо плёнкаи полиэтиленӣ пўшонида мешавад. Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорат ва баланд нигоҳ доштани намии ҳаво таҷҳизоти обчангкунӣ васл карда мешавад. Ба воситаи таҷҳизот ҳар сари вақт ба болои қаламчаҳо об пошида мешавад ва ҳамин тариқ намӣ ва гармӣ дар реҷаи лозимӣ нигоҳ дошта мешавад. Бо истифодаи таҷҳизоти буғдиҳанда қаламчаҳо дар муҳлати кўтоҳ 20-30 рўз реша медавонанд.
Бунёди боғҳои саноатӣчӣ гуна ба роҳ монла мешаванд?
Хусусияти биологии хуч дар он аст, ки ин намуд айёми вегететсия ба гармӣ ва равшанӣ эҳтиёҷи баланд дорад. Қариб ҳамаи навъу шаклҳо дар соя навдаҳои маҳин ва сустафзоишёфта доранд, баргҳояшон бармаҳал мерезад, қисми навдаҳо аз сардӣ нобуд мешаванд. Нарасидани гармӣ ва рўшноӣ дар тобистон , ба суст афзоишёбии бутта, навдаҳои ҷавон ва кам гардидани ҳосили соли оянда сабаб мегардад. Аз ин хотир барои бунёди боғҳои хуч майдонҳо равшан ва офтобрас интихоб мешаванд.
Муҳлати аз ҳама беҳтарин барои шинонидани ниҳолҳо тирамоҳ-баъд аз рехтани баргҳо мебошад.Ниҳолҳоро дар аввали баҳор ҳам, то зиндашавии табиат мешинонанд. Дар фасли зимистон бошад, шинонидани ниҳолҳо дар ҳолати ҳарорати ҳаво аз +5 С боло будан, мумкин аст. Боғҳои саноатии хуч, вобаста аз шароити агротехникӣ ва намӣ, бо нақша ҷойгиршавии 2х3, 3х3, 2х4, ва 3х5 бунёд мегардад.
Дар шароити муътадил буттаҳо дуртар ҷой мегиранд, дар шароити вазнин –наздик. Баъд аз он, ки мувофиқи нақшаи бунёд, ҷойҳои ниҳолшинонӣ маълум мегардад ба кандани чуқуриҳо оғоз мекунанд.Вобпста аз андозаи решаҳо чуқуриҳо ба ҳаҷми 30-40 х 30-40 х 30-40 см канда мешаванд. Пеш аз шинонидани решаҳо ба поруоба (болтушка) тар карда мешаванд. Баъд аз решаашро ҷой кардан, чуқуриҳо то 3-5 л об мерезанд ва болояшонро бо хоки нарм мепушонанд. Дар давоми сол на кам аз ду маротиба бояд бехи ниҳолҳо ва байни қаторҳо нарм карда шавад, баъдан дар баҳор, пеш аз варам кардани мухчаҳо. Вобаста ба шароит, дар мавсими тобистон агар боғҳо 3-5 бор об монда шаванд, ҳосилнокӣ то 30-40% зиёд мегардад.
Буриши навдаҳо ҳам яке аз чораҳои асосии нигоҳубини буттаҳои хуч мебошад, ки ба сифату миқдори ҳосил таъсири зиёд дорад. Буриш дар ду давра гузаронида мешавад; давраи аввал-дар се соли аввали сабзиш 4-6 навдаи боқуввати склетӣ монда мешавад; давраи аз 3-4 солагӣ сар карда, буриш ба хотири ба реҷаи муайян даровардани мевабандӣ гузаронида мешавад.Буриши ҳамасола бо риояи қоидаҳои боғдорӣ ҳосилро зиёд, сифати ҳосилро беҳтар ва умри буттаҳоро дароз мегардонад.
Мавсими ҷамъоварии ҳосил кай оғоз мегардад?
Ҳосили хуч дар моҳи сентябр-октябр ҷамъоварӣ мегардад. Миқдори витамину дигар моддаҳои фаъоли биологии аз ҳама зиёд дар таркиби мева, ҳангоми ба пуррагӣ пухта расидани меваҳо ба қайд гирифта шудааст. Меваи ҷамъоварӣ шуда дар ҳавои кўшод ё дигар биноҳои шамолрас хушк карда мешавад. Фақат ба меваҳо нўри офтоб камтар расад, чунки нўри офтоб миқдори витамину дигар моддаҳои таркиби меваро кам мегардонад.Меваҳоро ба қабати ғавсаш то 5-10 см паҳн карда тез-тез рўйгардон мекунанд, дар акси ҳол меваҳо мепўсанд ва сифаташ паст мегардад. Меваи хушкро дар халтаҳо ё зарфҳо (фақат ғайри полиэтеленӣ) ҷо карда ба анборҳои ҳаводаро мегузаронанд.
Ҳимояи хучзорҳо аз касалию ҳашаротҳоро чӣ гуна мебошанд?
Дар мавзеҳои аз боришот таъмин ва намии ҳавояш баланд, буттаҳои хуч метавонад аз касалиҳои гардзании баргу навдаҳо ва гардзании қалбакӣ, зангзании баргҳо ва доғҳои гуногун заррар бинанд. Ба муқобили ин касалиҳо фунгисидҳо ба монанди риломил, байлетон ва заҳрхимикатҳои сулфурдорро (ба муқобили гардзании баргу навдаҳо) истифода мебаранд.
Дар боғу ҷангалҳои хуч, ҳамчун дигар зироатҳои ҷангал, бисёр намуди ҳашаротҳои зараррасон паҳн гаштаанд.Ба баргу ширинчаи сабз, доғдорҳо, канаҳо, чирчирак, пашшаи розанӣ, сипарболак, куя ва пашаи Майра қисми зиёди меваҳо ё ҳосили хучро тамоман нобуд мекунад.Меваҳои зарардида ба ғурмаҳои чўбини бо хорҳо пўшида мубадал мегарданд.
Ҳангоми тухм мондани ҳашарот ва фаъолияти кирмина моддаҳои фаъолияти кирмина моддаҳои фаъоли биологию химиявӣ ҷудо мешаванд, ки дар натиҷа меваи хуч ба «ғарма» мубаддал мегардад. Ҳангоми сироятёбии девори мева вайрон шуда нобуд мешавад ва донаҳо шакл иваз каода, ба берун мебароянд.
Аз як буттаи хуч то 5-10 кг меваи тар рўёнидан мумкин аст, яъне дар як гектар боғи хуч то 4-8 тонна маҳсулоти тар, ё ки 2-4 тонна меваи хушк тайёр мегардад.
Ходиморни Муассисаи давлатии Пажуишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал навъҳои серҳосили хуч Шаҳло ва Гулбуттаро офаридаанд ва оиди паҳн намудани онҳо дар хоҷагиҳои ҷангал корҳои зиёде ба анҷом расонидаанд. Ин навъҳо ба зараррасонии ҳашароти донахураки Майра ё донахураки розанӣ устувории баланд доранд.
Парвариши ниҳолҳои хуч бо истифода аз тухмиҳоро каме равшанӣ меандохтед?
Тухмӣ асосан бояд аз меваи хомпаз (рангашон зард) тайёр карда шавад ва ба хушкшавии донаҳо бояд роҳ дода нашавад. Дар акси ҳол тухмиҳо фақат дар соли дуюму сеюм неш мезананд. Тухмии ба тозагӣ тайёр шуда дар ҳол бо қуми намдор омехта карда мешавад ва дар хоки намдор корида мешавад, дар ин ҳолат муҳлати тайёр шудани тухмӣ (статификасия) ба 130-150 рўз баробар аст, онҳо дар баҳори якум аҳлона неш мезананд. Соли аввал 50-60 ва соли дуюм 10-15 % -и боқимонда неш мезананд.
Тухмии аз меваҳои пурра пўхта расида тайёр шуда, бисёр дер месабзад, мўҳлати тўлониро барои тайёр шудан талаб мекнунад. Онҳоро танҳо баъди 2-3 сол корида мумкин аст.
Барои коридани тухми хуч ҷойи офтобрас, заминҳои аз алафҳои бегона тоза ва хокҳои серғизо интихоб мегардад. Хокро дар чуқурии на камтар аз 25-30 см нарм карда ҷўякҳоро мекашанд. Ҷўякҳо аз ҳамдигар дар масофаи 60-70 см ҷой мегиранд. Тухмӣ дар тасмаҳои чуқуриашон то 2 см, ки дар қисми болои ҷўякҳо тайёр ва корида мешавад. Болои донаҳо бо қум, арамайдаи чуб( апилка) ё порўи пусида ба хотири эмин нигоҳ доштани киштаҳо аз сафолак, пўшонида мешавад. Ин ниҳолҳо решаи инкишофёфтадоранд ва онҳоро худи ҳамин сол ҳамчун ниҳол истифода мебаранд.
Навъҳои машҳури хучро, ки дар Тоҷикистон офарида ва парвариши зиёд доран кадомҳоянд номбар ва эзоҳ диҳед?
Айни замон навъҳои офарида шудаанд, ки аз ҳашаротҳо кам зарар мебинанд ва технологияи парвариши онҳо ҳам манзур шудааст. Истифодаи ин навъҳо дар истеҳсолот сабаби паст гардидани хатари экологӣ мегардад. Аз тарафи дигар бунёди боғҳо бо истифода аз ин навъҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам муфид аст.
Навъи Гулбутта. Буттаи миёнақад, баландиаш то 1,3-1,7 м, шохаронии паҳн ва навъҳои каҷгашта дорад. Хорҳо танҳо дар навдаҳои поёнии алоҳида во мехўранд, навдаҳои болоӣ ҳама бехоранд. Шакли мева тарафи думча ғафс ва аз қисми болои (гулхона) борик мешаванд, вазни миёнаи як мева -2,2-2,4 г, ҳосили миёна аз як бутта -6-7 кг, баромади меваи хушк -51%,баромади гўштмева -74-77% аст. Дар соли дуюм, баъд дар ҷойи доимӣ шинондан ба ҳосил медарояд, ба ҳашароти донахўраки Майра устувор аст. Аз соли 2008 минтақабоб шудааст.
Навъи Шаҳло. Буттаи калонҷўса, паҳмии шохарониаш миёна, бо миқдори зиёди навдаҳо, баландиашон то 2-2,5 м. Хордории навдаҳо миёна, Шакли мева. Меваҳо калонҳаҷм, аз тарафи думча ғафс ва аз қисми гулхона борик мешаванд, вазни миёнаашон -2,5-2,7 гр. Баромади гўштмева-75-77%, баромади хушкмева-48,5% аст. Ҳосилнокии баланд то 8-10 кг мерасад. Ба ҳашароти донахўраки Майра устувор аст. Аз соли 2014 ҳамчун навъи минтақабоб шудааст.
Умедворам, ки маслиҳатҳои муфиди Шумо ба кишоварзон мақбул гардида, тавсияҳои манзургардида дар парвариши меваи хуч (настаран) ба онҳо кўмак менамояд.
Сармутахассиси Шуъбаи
матбуот ва иттилоти
Вазорати кишоварзӣ Валиева Д. С.