Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Назар ба оянда: гузариш ба кишоварзии рақамӣ"
05.05.2022
Санаи 6 майи соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Назар ба оянда: гузариш ба кишоварзии рақамӣ" доир баргузор гардида истодааст, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор иштирок дорад.
Тибқи Барнома суханронии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ дар маросими расмии чорабинии мазкур дар назар дошта шуда, мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
шуъбаи матбуот ва иттилоот