Ифтитоҳи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон.
Санаи 4 – уми майи соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи ифтитоҳии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” баргузор шуд. Ҷаласа бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагиҳои тухмипарварии минтақаи Хатлон барпо гардид.
Муовини Вазири кишоварзӣ муҳтарам Зеваршои Зеваршо ҷаласаро ифтитоҳ бахшида оид ба мақсаду ҳадафҳо ва кисматҳои лоиҳа маълумот манзур намуд. Дар баробари ин намояндаи Бонки умиҷаҳонӣ муҳтарам Теклу Тесфайе, директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» муҳтарам Далер Саторӣ суханронӣ намуданд. Дар ин замина муовини директор/Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» муҳтарам Қурбонов Б. С. барои муаррифии лоиҳа тариқи презентатсия маълумот пешниҳод намуд.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи мазкур зикр гардид, ки мақсади асосии татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ин таҳким бахшидани асосҳои устувории соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар умум, Лоиҳаи мазкур ба суръатбахшии гуногунсозии соҳаи кишоварзӣ, ба рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар деҳот мусоидат мекунад ва ҷойҳои иловагии кориро таъсис медиҳад.
Иштирокчиёни ҷаласаи ифтитоҳии Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тасмим гирифтанд, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур баҳри таъмини бехатарии озуқавории мамлакат мусоидат менамоянд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот