Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инам Каримов
Дар доираи сафари расмии вобаста ба Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Назар ба оянда: гузариш ба кишоварзии рақамӣ" санаи 6 майи соли равон вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инам Каримов баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои чорводорӣ, бордоркунии сунъии чорво, бунёди корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили истеҳсоли мураббо ва шарбатҳои гуногун, таъсиси гуруҳи кории муштараки доимамалкунанда миёни ду ниҳод таҳти роҳбарии муовинони вазири кишоварзии ду мамлакат, ҷудо намудани 10 бурсия барои донишҷуёни тоҷик ҷиҳати таҳсил дар Донишгоҳи аграрии Ганча ва табодули таҷриба миёни олимони соҳаро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ низ иштирок намуд.
Мулоқоти мазкур дар фазои дустӣ баргузор гардид.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот