Таъмини амнияти озуқаворӣ аз Истиқлолияту оромии кишвар сарчашма мегирад.
Кишвари босуботи мо баҳри пешрафту рушд дар тамоми самт Стратегияву барномаҳои гуногун қабул намудааст, ки имрӯз барои расидан ба ҳадафҳо замина гузошта истодаанд. Аз ҷумла, яке аз ҳадафҳои стратегии басо муҳим имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз аз Истиқлолияти комил, Ваҳдату оромӣ, сулҳу субот низ вобастагӣ дорад.
Барои ҳифзи амният, пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуби ифротгароиву идеологияи фитнаангез ва муқовимат бо экстремизму терроризм, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнин инчунин хиёнат ба Ватан бояд муборизаи ҳамешагӣ бурд.
Имрӯзҳо минбари интернет барои баъзе фитнаангезон гӯё бегуноҳ ҳисобида, мехоҳанд худро дар назди мардум сафед кунанд, лекин ҳамагон аз амалҳои мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари мардуми тоҷик оварда буданд, фаромӯш нахоҳем кард.
Ба қавле, имрӯз баъзеҳо берун аз мамлакат бо кумаки хоҷагони бурунмарзии онҳо хостанд, ки суботу оромии кишварро халалдор намуда, давлати тозаистиқлоли моро пора-пора кунанд. Аммо ин нақшаи сиёҳи онҳо амалӣ нагашта, зеро халқи тоҷик бо иродаи қавӣ ва хиради бузург тавонист, ки аз ин нохалафон таъриху фарҳанги худро ҳифз намояд. Фитнаангезиву иғвоҳои аъзоёни гуруҳҳои ифротӣ ва хоҷагони бурунмарзиашон наметавонад ба тафаккури мо таъсир расонад.
Зеро имрӯз мо ҳама якдилу муттаҳидем ва баҳри ҳимояи Ватани маҳбуби худ ҳамеша омода ҳастем. Инак, вақти он расидааст, ки ҳар яки он хиёнаткорони Ватан барои гуноҳашон ҷавоб гӯянд. Зеро ҷанги шаҳвандии таҳмилӣ, ки бо нақшаи кашидаи фарзандони фурухташудаи тоҷик рӯйи кор омада буд, бо мушкилиҳои зиёд паси сар шуд.
Дар ҷаҳони муосир бояд ҳар як фарди худшиносу худогоҳ, меҳанпарасту ватандӯст ҳамеша омодаи хизмат ба Ватан, пешрафту тараққиёти он, оромиву осоиштагии мардум ва таъмини амнияти марзу бум бошад.
Бояд қайд намуд, ки ҳамаи он ҳадафҳои миллӣ аз меҳнати содиқонаи ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ сарчашма гирифта, мамлакат рушд меёбад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон