Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон

20.05.2022

Санаи  20 майи соли ҷорӣ Вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқот ҷиҳати муҳокимаи ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки санаи 18 сентябри соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ ҳангоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расонида шуда буд, дар бар гирифт.

Тарафҳо оид ба ҳамкориҳо дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҳифзи растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани сохмони марказҳои логистик, сохтмони сардхона барои нигаҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ, табодули таҷриба дар самти бозомӯзӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Бояд зикрд намуд, ки дар давоми соли 2021 аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 427 тонна хўроки моҳӣ ворид гардида, дар давоми 3 моҳи соли 2022 12 адад трактори “Тоҷ Ирон – 475, 470”, испор-100 адад, тойбанду тагрезчин 34 адад, алафдаравак 10 адад, нармкунак (култиватор) 4 адад, аз ҷониби ширкатҳои воридкунандаи асосии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот