Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоФестивал-намоиши чорвои зотӣ дар шаҳри Ваҳдат.

Фестивал-намоиши чорвои зотӣ дар шаҳри Ваҳдат.

21.05.2022

Санаи 21 майи соли равон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таъмини иҷрои банди 17-и Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2020, №АП-1332 ба тавсиб расидааст “Фестивал-намоиши чорвои зотӣ” бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод ширкат варзиданд.

Дар фестивал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, дар таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди имрӯзаи соҳа мусоидат кардааст, ироз намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ ба шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон