Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 21.05.2022

Гузориши матбуотӣ ба санаи 21.05.2022

23.05.2022

Рафти  кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2022 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 158019 гектар кишти зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2022 дар майдони 170189 гектар кишт гузаронида шудааст, ки 108%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 114657 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 29087 гектар зироатҳои равғандеҳ, 40000 гектар картошка, 18579 гектар полезӣ, 41533 гектар сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво 23335 гектар мебошад.

Ба ҳолати 21.05.2022 дар ҷумҳурӣ 111373 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 22564 гектар зироатҳои равғандеҳ, 29660,2 гектар картошка, 15623 гектар полезӣ,  36020 гектар сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво 26565 гектар кишт карда шудааст.

Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 3890 гектар, иҷро шуд 2945 гектар, картошка нақша 2000 гектар, иҷро  шуд  460  гектар, сабзавотҳо нақша 407 гектар, иҷро шуд 117 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 67336 гектар, иҷро шуд 66188 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 8643 гектар, иҷро шуд 6700 гектар, картошка нақша 18500 гектар, иҷро шуд 15140 гектар, полезӣ нақша 6095 гектар, иҷро шуд 3767 гектар, сабзавотҳо нақша 9720 гектар, иҷро шуд 7820 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 8376 гектар, иҷро 13792 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 27364 гектар, иҷро шуд 21804 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 9040 гектар, иҷро шуд 8524 гектар, картошка нақша 7800 гектар, иҷро шуд 6353 гектар, полезӣ нақша 11900 гектар, иҷро шуд 11541 гектар, сабзавотҳо нақша 20520 гектар, иҷро шуд 19952 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 10948 гектар, иҷро 10589 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 16067 гектар, иҷро шуд 20436 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 11375 гектар, иҷро шуд 7340 гектар, картошка нақша 11700 гектар, иҷро шуд 7707 гектар, полезӣ нақша 549 гектар, иҷро шуд 315 гектар, сабзавотҳо нақша 10886 гектар, иҷро шуд 8090 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 3897 гектар, иҷро 2045 гектар,.

Рафти кишти пахта дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта гузаронида шавад, ба ҳолати 21.05.2022 дар  шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ 183576 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, вилояти Суғд нақшаи кишти пахта 59000 гектар, иҷро шуд 59038 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти пахта 123000 гектар, иҷро шуд 121310 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти пахта 4000 гектар, иҷро шуд 3228 гектар.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

То санаи 21.05.2022 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамовии ҷумҳурӣ дар майдони 129,1 гектар кишти сабзавот дар  гармхонаҳои доимоамалкунанда гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 64 гектар, бодиринг 31,3 гектар  ва дигар сабзавотҳо 33,7 гектарро ташкил медиҳад. Ба ҳамин давра ба миқдори 1969,2 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 790,8 тонна, бодиринг 594,2  тонна ва дигар сабзавотҳо 584,2 тонна мебошад. 

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 майи соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 647 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 237 адад, комбайни ғалладарав 8 адад, испори тракторӣ 134 адад, мошини алафдаравӣ 6 адад, кулухмайдакунак (фреза) 12 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 41 адад, дорупошак адад, нурипошак 5 адад, картошкаканак 3 адад ва картошкашинонак 12, алафдаравак 15 адад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27405 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1593 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1090 адад комбайни ғалладарав, 8848 адад ядакҳои тракторӣ, 10275 адад испорҳои тракторӣ, 3385 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1887 адад тухмипошакҳои пахта, 1464 адад достҳои тракторӣ, 804 адад тойбанду тагрезчин, 141 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 21 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 467 адад картошкаканакҳо, 191 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 289 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

Наслгирии чорвои майда

Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъркаи наслгирї аз чорвои майда фармоиши Вазорат аз 31 январи соли 2022, №11 ба тавсиб расида, гурўҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Дар асоси фармоиши мазкур ташкилотњои зертобеи самти чорводории вазорат, сарраёсату раёсат ва шўъбаҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи наслгирӣ чораҷўӣ намоянд.

Боиси зикр аст, ки мутобиқи маълумоти оморӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)- и ҷумҳурӣ 395323 сар меш ва модабуз мавҷуд буда, дурнамои наслгирӣ дар соли ҷорӣ 355924 сарро ташкил дода ба 100 сар меш ва модабуз 90 сари рост меояд.

Аз рўи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 21.05.2022 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ 360240 барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15604 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 91 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23