Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо намояндагони JICA

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо намояндагони JICA

24.05.2022

Санаи 24-уми майи соли  2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода С.Ғ., бо роҳбари  JICA Танасако Мунео дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хидка Танабе муовини директори генералии Депортаменти ҳамкориҳо бо Европаи Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ ва намояндагони онҳо дар    сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро хайрамақдам намуда, оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ баромади пурмуҳтаво намуд.

Инчунин дар рафти мулоқоти мазкур тарафайн гуфтушунидҳои мутақобиларо баррасӣ намуда, барои рушду нумуи соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор меравад дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои минбаъда  ҳусни анҷом бахшиданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин мулоқотҳо албатта таъмини амнияти озуқаворӣ ва зиндагии шоиста мебошад.     

Шуъбаи матбуот ва иттилооти 

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон