Муқовимат, пешгирӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди коррупсия дар фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 апрели соли равон бо иштироки муовини якуми вазир Мирзозода М.Б., ва кормандони дастгоњҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсия, майори адлия Акбарзода Н.Х. мулоқот багрузор гардид.
Нахуст ҷаласаро муовини якуми вазир Мирзозода М.Б., ҳусни оғоз бахшида, ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташриф оварданашон ба вазорат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки мубориза бар зидди коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки давлат пайваста баҳри паст кардани сатҳи нишондодҳои ин намуди ҷиноят кӯшишҳо карда истодааст. Самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳама шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст. Мафҳуми мубориза фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ҳар як кормандонро оид ба муайян, пешгирӣ ва рафъи сабабҳо ва шароитҳои мусоидаткунанда ба пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ, дар бар мегирад.
Сипас суханро ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсия, майори адлия Акбарзода Н.Х., дод.
Акбарзода Н., зимни баромади хеш ба мафҳумҳои коррупсия, муқовимат ба коррупсия ва омилҳои номатлуби он, санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва байналмилалие, ки дар самти муқовимат бо коррупсия қабул карда шудааст равшани андохта, қайд намуданд, ки дар давраи муосир коррупсия яке аз падидақои номатлуби замон мебошад, ки монеаи татбиқи бомуваффақи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мегардад.
ҳамчунин, ба кормандони вазорат бори дигар таъқид ва даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, таъмини самаранок истифодабарии моликияти давлатиро таъмин намоянд.
Кормандони вазорат ба намояндаи Агентӣ саволҳо пешниҳод намуда, ба саволҳои худ ҷавоби қаноаткунанда гирифтанд.
Дар охир муовини якуми вазир Мирзозода М.Б., бори дигар намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташрифашон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки дар Вазорати кишоварзӣ омилҳои номатлуб ҷой надоранд ва минбаъд низ тамоми кўшишу ғайрат ба харҷ дода мешавад, ки омилҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шуда, ба он роҳ дода нашавад.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон