Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ

Мулоқоти муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ

31.05.2022

Санаи 30 майи соли равон мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоқикистон Нигина Анварӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ таҳти роҳбарии роҳбарии Раиси Институти захираҳои сабзи Осиё  Ким Ҷае Квон баргузор гардид.

 Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Қайд гардид, ки имкониятҳои соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд буда, барои гирифтани ҳосили такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, таъсиси фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад.

Аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ барои ҳамкорӣ бо Вазорат ва муассисаҳои зертобеи он оид ба табодули таҷриба, ташкили коргоҳҳои муштарак ва воридоти техника ва таҷҳизотҳои соҳаи кишоварӣ пешниҳодҳои хӯудро иброз намуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон