Гузориши матбуотӣ ба санаи 10.06.2022
Рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2022 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 158019 гектар кишти зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2022 дар майдони 170189 гектар кишт гузаронида шудааст, ки 108%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар асоси маълумотҳои фаврии ҷамъбастии Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 114657 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 29087 гектар зироатҳои равғандеҳ, 40000 гектар картошка, 18579 гектар полезӣ, 41533 гектар сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво 23335 гектар мебошад.
Ба ҳолати 10.06.2022 дар ҷумҳурӣ 119634,3 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 23586,9 гектар зироатҳои равғандеҳ, 35339,2 гектар картошка, 17601 гектар полезӣ, 39634 гектар сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво 29833 гектар кишт карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 3890 гектар, иҷро шуд 3859 гектар, картошка нақша 2000 гектар, иҷро шуд 1144 гектар, сабзавотҳо нақша 407 гектар, иҷро шуд 345 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 67336 гектар, иҷро шуд 69208 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 8643 гектар, иҷро шуд 7351 гектар, картошка нақша 18500 гектар, иҷро шуд 17789 гектар, полезӣ нақша 6095 гектар, иҷро шуд 4545 гектар, сабзавотҳо нақша 9720 гектар, иҷро шуд 9365 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 8376 гектар, иҷро 15552 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 27364 гектар, иҷро шуд 25072 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 9040 гектар, иҷро шуд 8553 гектар, картошка нақша 7800 гектар, иҷро шуд 6476 гектар, полезӣ нақша 11900 гектар, иҷро шуд 12506 гектар, сабзавотҳо нақша 20520 гектар, иҷро шуд 20114 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 10999 гектар, иҷро 11732 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 16067 гектар, иҷро шуд 21495 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 11375 гектар, иҷро шуд 7683 гектар, картошка нақша 11700 гектар, иҷро шуд 9930 гектар, полезӣ нақша 549 гектар, иҷро шуд 550 гектар, сабзавотҳо нақша 10886 гектар, иҷро шуд 9819 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 3897 гектар, иҷро 2410 гектар.
Рафти кишти пахта ва чорабиниҳои агротехникӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта гузаронида шавад, ба ҳолати 10.06.2022 дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ 184161 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, вилояти Суғд нақшаи кишти пахта 59000 гектар, иҷро шуд 59190 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти пахта 123000 гектар, иҷро шуд 121749 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти пахта 4000 гектар, иҷро шуд 3233,2 гектар.
Давраҳои афзоиш 1-2, 3-4 ва 5-6 барга шудан, шонабандӣ ва гулкунӣ ҳамзамон гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта аз ҷумла коркарди байни қаторҳо, ягонкунӣ, озуқадиҳӣ ва оби сабзиш мувофиқи талаботи зарурӣ дар ҳамаи майдонҳои пахтазори ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт дар ҷумҳурӣ 289824 гектар буда, ба ВМКБ 4083 гектар, вилояти Суғд 101923 гектар, вилояти Хатлон 133769 гектар ва ба НТҶ 50048 гектар рост меояд. Ба ҳолати 10.06.2022 майдони даравшуда дар ҷумҳурӣ 53377 гектар буда, вилояти Суғд 4020 гектар, вилояти Хатлон 48114 гектар ва НТҶ 1243 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ аз ҳар як гектар 40 сентнер буда, вилояти Суғд 26,2 сентнер, вилояти Хатлон 41,3 сентнер ва НТҶ 34 сентнер мебошад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт 35339 гектар буда, ба ВМКБ 1144 гектар, вилояти Суғд 17789 гектар, вилояти Хатлон 6476 гектар ва ба НТҶ 9930 гектар рост меояд. Ба ҳолати 10.06.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 4469 гектар буда, вилояти Суғд 72 гектар, вилояти Хатлон 4397 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофқи ҷумҳурӣ аз ҳар як гектар 342 сентнер буда, ба вилояти Суғд 168,6 сентнер, вилояти Хатлон 174 сентнер мебошад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт 39644 гектар буда, ба ВМКБ 345 гектар, вилояти Суғд 9365 гектар, вилояти Хатлон 20114 гектар ва ба НТҶ 9820 гектар рост меояд. Ба ҳолати 10.06.2022 майдони ҷамъоваришуда, дар ҷумҳурӣ 12780 гектар буда, дар вилояти Суғд 117 гектар, вилояти Хатлон 12563 гектар ва НТҶ 100 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ аз ҳар як гектар 332,7 сентнер буда, вилояти Суғд 125 сентнер, вилояти Хатлон 333 сентнер ва НТҶ 492 сентнер мебошад.
Рафти ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт 17601 гектар буда, ба вилояти Суғд 4545 гектар, вилояти Хатлон 12506 гектар ва ба НТҶ 550 гектар рост меояд. Ба ҳолати 10.06.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 1388 гектар буда, дар вилояти Хатлон 1388 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ аз ҳар як гектар 279 сентнер буда, дар вилояти Хатлон 279 сентнер мебошад.
Рафти кишти зироатҳои такрории кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад, ба ҳолати 10.06.2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 19521 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 73 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 19362 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 60600 гектар, иҷро шуд 19521 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 15926 гектар.
Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июни соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 777 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 312 адад, комбайни ғалладарав 18 адад, испори тракторӣ 134 адад, мошини алафдаравӣ 7 адад, кулухмайдакунак (фреза) 12 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 49 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 5 адад, картошкаканак 5 адад ва картошкашинонак 12, алафдаравак 15 адад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.06.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27397 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1589 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1090 адад комбайни ғалладарав, 8831 адад ядакҳои тракторӣ, 10275 адад испорҳои тракторӣ, 3387 адад култиваторҳо, 2303 адад тухмипошакҳо аз он: 1886 адад тухмипошакҳои пахта, 1466 адад достҳои тракторӣ, 805 адад тойбанду тагрезчин, 141 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 21 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 191 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 288 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тел: 2-35-39-23