Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБаргузории мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Баргузории мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

21.06.2022

            Санаи 21 июни соли 2022 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ. бо роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ баргузор гардид.
             Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаи татбиқи Лоиҳаи Баланд бардоштани иқтидори соҳаи кишоварзӣ, раванди таҳияи лоиҳаи Барномаи нави соҳаи кишоварзӣ барои давраи то соли 2030 ва ҷалби бештари маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки кишоварзиро баррасӣ намуданд.
            Бо дарназардошти воқеаҳои охир дар ҷаҳон ва омодагӣ ба чолишҳои нав, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ (беҳтар намудани зот ва маҳсулнокии чорво), бунёди гармхонаҳои инноватсионӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рақамикунони соҳаи кишоварзӣ ва пешбурди фаъолият дар доираи роҳу усулҳои нави хоҷагидорӣ баён намуданд.
            Бояд қайд намуд, ки таҳияи лоиҳаи Барномаи нави соҳаи кишоварзӣ барои давраи то соли 2030 дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, Бонки ҷаҳонӣ аз 7 самти афзалиятноки дар барномаи мазкур мавҷудбуда, барои амалӣ намудани масъалаҳои беҳтар намудани соҳаи растанипарварию чорводорӣ, рақамикунонӣ, агрокластерҳо ва ҷалби инноватсия ба соҳаи кишоварзӣ бо Вазорати кишоварзӣ ҳамкорӣ менамояд.
            Дар маҷмӯъ мулоқоти мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот