Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.06.2022

 
Санаи 30 июни соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тозикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳа то имрӯз ва дурнамои муносибатҳоро миёни Вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавриди музокирот қарор доданд.
Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ қайд намуд, ки ҳамкориҳои мо дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, мо ҷиҳати тақвияти онҳо манфиати мутақобила, хоҳиши тарафайн ва иқтидори бузургро дорем. Хусусиятҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ дар замони ҳозира, амалӣ намудани барномаю лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо мақсади афзун намудани гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ мебошад.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон доир ба содироти молу маҳсулоти соҳаи кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд ҳавасмандии хешро иброз намуд.
Ҷобинҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик Созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни Вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкориҳо барои ташкил намудани корхонањои муштараки коркарди маҳсулотзои кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм, ҷалби сармояи бахши хусусии Арабистони Саудӣ ташкил намудани гармхонаҳо, анбор ва сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот бо назардошти содирот ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи занбўриасалпарварӣ ва содироти минбаъдаи асал ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҳамкорӣ оид ба ҷалби сармоягузории мустақими Арабистони Саудӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии афзалиятнок ба имзо расонанд.
Мавриди зикр аст, ки Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро 11 январи 1992 ба расмият шинохт ва робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 22 феврали 1992 барқарор гардиданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон