Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир ба амнияти озуқаворӣ.
Санаҳои 5-6 июли соли 2022 дар шаҳри Ташкенди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласаи мазкур мудири кулли Созмони ҳамкори иқтисодӣ, вазирони кишоварзии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон, муовинони вазири кишоварзии Покистон, Туркманистон, Эрон, роҳбари Дафтари зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқворӣ ва дигар ҳайатҳои расмии созмонҳои минтақавӣ иштирок намуданд.
Дар баробари иштирок дар ҷаласаи расмӣ инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони кишоварзии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркия, Ӯзбекистон ва мудири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Ербол Карашукеев дурнамои рушди ҳамкориҳои муштаракро баррасӣ намуда, дар оянда ҳамкориҳоро дар соҳаи бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо ҷалби бахши хусусӣ ва воридоти гандуми тухмӣ ва хӯрока ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то ба ҳадди 200 ҳазор тонна афзоиш додани содироти пиёзи барвақтӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози ҳамасмандии хешро изҳор намуданд.
Дар вохӯрӣ бо Вазири кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Ҷумҳурии Туркия Ваҳид Киришчи доир барои ташкили ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ доир ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистону Туркия, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тухмипарварӣ, амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, табодули таҷриба миёни мутахассисон ва афзоши содироти маҳсулоти кишоварзӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи бештар дода шуд. Қайд гардид, ҷонибҳо барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҳамдигар дар соҳаи кишоварзӣ омода буда, барои дар амал татбиқ гардидани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.
Дар ҳошияи вохурӣ бо мизбони ҷаласаи вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хожаев Жамшид ҷонибҳо масъалаи тезонидани раванди бунёди Боғи Дӯстӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сармоягузории ӯзбекистонӣ, сохтмони маркази хурди коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз намудани намояндагии ширкати AKIS дар вилояти Суғдро баррасӣ намуданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои техникии бунёди Боғи Дӯстиро то мавсими ниҳолшинонӣ ба пуррагӣ ҳалу фасл намоянд. Ҳамзамон барои ҷойгир намудани намояндагии ширкати AKIS ва макони мувофиқро барои сохтмони Маркази коркарди маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои кутоҳтарин муайян ва ба ҷониби ӯзбекистонӣ пешниҳод менамояд.
Дар доираи мулоқот бо дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ миёни кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуданд. Дабири кулл пешниҳод намуд, ки мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории худро бо Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии Созмони ҳамкории иқтисодӣ таҳким бахшида, барои амалӣ намудани Барномаи минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ чораҷӯӣ намуда, дар доираи Барнома аз имкониятҳои давлатҳои аъзои созмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ истифода намояд. Инчунин дархост гардид, ки ниҳоди дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба масъалаҳои байториро ҳарчи зудтар ратификатсия намояд.
Ҳамзамон Вазири кишоварзӣ ва мутахассисони соҳаи тухмипарварии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирок дар 8-умин Конфронси байналмилалӣ оид ба тухмипарварӣ, ки моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мегардад даъват намуд..
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон