Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

09.07.2022

 
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, Раиси иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Миралӣ Сафаров, намояндагони Агентии омори назди ПҶТ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ иштирок доштанд.
Нахуст маърӯзаи муовини вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор оид ба фаъолияти натиҷаҳои ҷамъбастии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр намуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Андешидани тадбирҳои судманд ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 13043,8 млн. сомонӣ баробар гардидид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 фоиз зиёд мебошад. Аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 8545,4 млн сомониро ташкил дода, 6 фоиз ва чорвопарварӣ 4498,4 млн сомонӣ ё 9,8 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ВМКБ 171 млн сомонӣ, вилояти Суғд 3365,2 млн сомонӣ, вилояти Хатлон 7753,5 млн сомонӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1753,9 млн сомонӣ баробар гардидааст, ки суръати афзоиш мутаносибан ба 101,4 %, 112,1 %, 105,7 % ва 105,6% баробар мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар самти растанипарварӣ истеҳсоли ғалладона 688,1 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2021 5,9 фоиз, картошка 262,5 ҳазор тонна (2,4 фоиз), сабзавот 1031,2 ҳазор тонна (3,5 фоиз), полизӣ 283,7 ҳазор тонна (7,6 фоиз), мева 116,3 ҳазор тонна (12,1 фоиз) ва ангур 2,4 ҳазор тоннаро ташкил дода, 11,2 фоиз зиёд шудааст.
Аз ин ҳисоб дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ғалладона 502,4 ҳазор тонна истеҳсол шудааст, ки 73 фоизи истеҳсоли умумии ғалладонаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз зиёд шудааст, картошка 168 ҳазор тонна, (64 фоизи истеҳсоли умумӣ 4,0 фоиз), сабзавот 679,6 ҳазор тонна, (66 фоизи истеҳсоли умумӣ, 99,6 фоизи ҳамин давраи соли гузашта) ва полизӣ 240,7 ҳазор тонна, ё 85 фоизи истеҳсоли умумиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 фоиз зиёд шудааст.
Дар соҳаи чорвопарварӣ бошад дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли гўшти чорво ва паранда (дар вазни зинда) ба 93,9 ҳазор тонна баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 ҳазор тонна ё 6,5 фоиз зиёд шудааст. Аз он гўшти паранда 20,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, истеҳсол 2,1 ҳазор тонна ё 11,5 фоиз зиёд гардидаст, ки 18,9 ҳазор тонна ё 93,1 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ рост омада 12,8 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳамчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли шир 382,8 ҳазор тоннаро ташкил дода ё 2,3 фоиз, истеҳсоли тухм 576,1 млн. дона ё 24,7 фоиз, пашм 5090 тонна ё 2,7 фоиз, моҳӣ 1145,3 тонна ё 26,5 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли асал 607 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз ва пилла 378,3 тонна баробар гардида 13,9 фоиз коҳиш ёфтааст.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд. Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, ҷамъоварии беталафи зироатҳои кишоварзӣ, кишти такрории зироатҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру супоришҳо дод.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти вазорат барои масъулин вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюм карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон