Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоНишасти матбуотӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13.07.2022

 
Санаи 13 июли соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022» баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор, муовини якуми вазир, муовинони вазир, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, роҳбарияти муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорат ва 24 нафар намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ. ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуд.
Сипас муовини вазир Носирзода Ҷаббор «Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022»-ро ироа намуд.
Дар нишасти мазкур намояндагони ВАО аз ҷумла, Агентии милии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", “Народная газета”, “Азия - плюс”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “СССР” “Пайк”, “Фараж”, "Садои мардум", маҷаллаи "Тоҷикистон", телевизионҳои “Телевизиони Тоҷикистон”, "Синамо", "Сафина", "Телекомпания Мир", радиоҳои "Садои Душанбе", “Радиои Тоҷикистон”, “Овози Тоҷик”, сомонаҳои "Авесто", "Спутник Тоҷикистон", "Маркази тадқиқоти журналистони Тоҷикистон" ва дигар намояндагони ВАО иштирок ва саволгузорӣ намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ иттилоотонии аҳолиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, чораҳои зарурӣ меандешад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон