Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБаргузории ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14.07.2022

 
Санаи 13 июли соли 2022 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, раиси маззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси умумии ташкилот оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Каримзода Нилуфар - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Қурбонзода Убайдулло – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз” ҳисобот аз натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз” дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи ҳизб ва масъалаҳои интихоби Раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакил ба Конференсияи XXXXII ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҳисоботи муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварз” Лутфуллои Давлати Абдурозиқзода шунида шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки ҳамаи аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба роҳ монда, дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар шашмоҳи соли 2022 саҳми муҳим гузоштанд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки бо андешидани тадбирҳои судманд ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 13 млрд 043 млн 8 ҳазор сомонӣ баробар гардидид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 фоиз зиёд гардид. Аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 8 млрд 545 млн 4 ҳазор сомониро ташкил дода, 6 фоиз ва чорвопарварӣ бошад 4 млрд 498 млн 4 ҳазор сомонӣ ё 9,8 фоиз афзудааст.
Инчунин дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои интихоб намудани Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва интихоби вакил ба Конференсияи XXXXII ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кишоварз"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакил ба Конференсияи XXXXII ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор аз ҷониби аъзоён интихоб гардид.
Дар ҷасала Каримзода Нилуфар - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуда, қайд намуд, ки мо ҳизбиён фаъолияти худро баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, баланд бардоштани нерўи зеҳнӣ ва ҳисси масъулиятшиносии аъзоёни худ, устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон