Гузориши матбуотӣ ба санаи 15.07.2022
Рафти чорабиниҳои агротехникии пахта дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта гузаронида шавад. Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ 184161 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, вилояти Суғд нақшаи кишти пахта 59000 гектар, иҷро шуд 59205 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти пахта 123000 гектар, иҷро шуд 121749 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти пахта 4000 гектар, иҷро шуд 3233,2 гектар.
Давраҳои афзоиш 1-2, 3-4 ва 5-6 барга шудан, шонабандӣ ва гулкунӣ ҳамзамон гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта аз ҷумла коркарди байни қаторҳо, ягонкунӣ, озуқадиҳӣ ва оби сабзиш мувофиқи талаботи зарурӣ дар ҳамаи майдонҳои пахтазори ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 276159 гектар буда, ба ВМКБ 4083 гектар, вилояти Суғд 85547 гектар, вилояти Хатлон 136481 гектар, Душанбе 525 гектар ва ба НТҶ 49523 гектар рост меояд.
Ба ҳолати 15.07.2022 майдони даравида дар ҷумҳурӣ 192356 гектар буда, ба ВМКБ 78 гектар, ба вилояти Суғд 48718 гектар, вилояти Хатлон 115575 гектар, Душанбе 462 гектар ва ба НТҶ 27523 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 34,7 сентнер буда, ба вилояти Суғд 32 сентнер, вилояти Хатлон 36,6 сентнер, Душанбе 34 сентнер ва ба НТҶ 31 сентнер рост меояд.
Аз ҷумла, майдони кишти гандум 208196 гектар буда, ба ВМКБ 1583 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122581 гектар, Душанбе 317 гектар ва ба НТҶ 37562 гектар рост меояд. Ба ҳолати 15.07.2022 майдони даравида дар ҷумҳурӣ 145972 гектар буда, ба ВМКБ 61 гектар, ба вилояти Суғд 16900 гектар, вилояти Хатлон 105425 гектар, Душанбе 300 гектар ва ба НТҶ 23286 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 35,6 сентнер буда, ба вилояти Суғд 33,2 сентнер, вилояти Хатлон 37 сентнер, Душанбе 29 ва ба НТҶ 30,9 сентнер рост меояд.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт 34659 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 16215 гектар, вилояти Хатлон 6573 гектар ва ба НТҶ 10601 гектар рост меояд. Ба ҳолати 15.07.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 10143 гектар буда, ба ВМКБ 15 гектар, ба вилояти Суғд 2150 гектар, вилояти Хатлон 5669 гектар ва ба НТҶ 2309 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 184 сентнер буда, ба ВМКБ 186 сентнер, ба вилояти Суғд 175 сентнер, вилояти Хатлон 177 сентнер ва ба НТҶ 208 сентнер рост меояд.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт 38422 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9108 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8218 гектар рост меояд.
Ба ҳолати 15.07.2022 майдони ҷамъоваришуда, дар ҷумҳурӣ 25397 гектар буда, дар ВМКБ 5 гектар, дар вилояти Суғд 2631 гектар, вилояти Хатлон 17613 гектар ва НТҶ 5148 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 307 сентнер буда, ба ВМКБ 208 сентнер, ба вилояти Суғд 260 сентнер, вилояти Хатлон 329 сентнер ва ба НТҶ 258 сентнер рост меояд.
Рафти ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт 17430 гектар буда, ба вилояти Суғд 3793 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 654 гектар рост меояд.
Ба ҳолати 15.07.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 10073 гектар буда, Суғд 1298 гектар, дар вилояти Хатлон 8684 гектар, дар НТҶ 91 гектар ва ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 284 сентнер буда, ба вилояти Суғд 141 сентнер, вилояти Хатлон 307 сентнер ва ба НТҶ 154 сентнер рост меояд.
Рафти кишти зироатҳои такрории кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад, ба ҳолати 15.07.2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 88768 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 73 гектар, иҷро шуд 13 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 19362 гектар буда, иҷро шуд 15412 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 60600 гектар буда, иҷро шуд 58802 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 15926 гектар буда, иҷро шуд 14554 гектар мебошад.
Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 932 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 411 адад, комбайни ғалладарав 24 адад, испори тракторӣ 134 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, кулухмайдакунак (фреза) 12 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 73 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 7 адад, картошкаканак 3 адад ва картошкашинонак 12, алафдаравак 15 адад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.07.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27479 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1590 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1101 адад комбайни ғалладарав, 8824 адад ядакҳои тракторӣ, 10290 адад испорҳои тракторӣ, 3389 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1478 адад достҳои тракторӣ, 823 адад тойбанду тагрезчин, 140 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 192 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 292 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тел: 2-35-39-23