Боздид аз тарзи истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
21.07.2022
Санаи 20 июли соли равон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ҳангоми сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо тарзи истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокинон шинос гардиданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода дар Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Саидакбар Авазов боздид намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замини наздиҳавлигии худ шаҳрванд Саидакбар Авазов самаранок истифода бурда, дар 4 сотиқ гармхонаи хурд бо технологияҳои нав бунёд кардааст. Дар қитъаи мазкур ду намуди қаланфури булғорӣ парвариш карда, пас аз ҷамъоварии ҳосил ва ба фурӯш бароварда, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулот ва таъмини амнияти озуқазорӣ то андозае саҳм мегузорад.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ба тарзи истифодабарии самараноки замини наздиҳавлигии шаҳрванд Саидакбар Авазов баҳои баланд дода, ҳамзамон ба масъулин барои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон баҳри истифодаи хуби замин, кишти такрорӣ, захираи хӯроки чорво дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон