Гузориши матбуотӣ ба санаи 22.07.2022
Рафти чорабиниҳои агротехникии пахта дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишт дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта бояд гузаронида мешуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181822 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла, вилояти Суғд нақшаи кишти пахта 59000 гектар, иҷро шуд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти пахта 123000 гектар, иҷро шуд 121733 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти пахта 4000 гектар, иҷро шуд 2890 гектар мебошад
Давраҳои афзоиш, гулкунӣ ва куракбандӣ, ҳамзамон гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта аз ҷумла коркарди байни қаторҳо, озуқадиҳӣ ва оби сабзиш мувофиқи талаботи зарурӣ дар ҳамаи майдонҳои пахтазори ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 276159 гектар буда, ба ВМКБ 4083 гектар, вилояти Суғд 85547 гектар, вилояти Хатлон 136481 гектар, Душанбе 525 гектар ва ба НТҶ 49523 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22.07.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 216841 гектар буда, ба ВМКБ 78 гектар, ба вилояти Суғд 58486 гектар, вилояти Хатлон 121512 гектар, Душанбе 479 гектар ва ба НТҶ 36285 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 33,6 сентнер буда, ба вилояти Суғд 31 сентнер, вилояти Хатлон 36,2 сентнер, Душанбе 32 сентнер ва ба НТҶ 28 сентнер рост меояд.
Аз ҷумла, майдони кишти гандум 208196 гектар буда, ба ВМКБ 1583 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122581 гектар, Душанбе 317 гектар ва ба НТҶ 37562 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22.07.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 162252 гектар буда, ба ВМКБ 61 гектар, ба вилояти Суғд 20452 гектар, вилояти Хатлон 111189 гектар, Душанбе 317 гектар ва ба НТҶ 30233 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 35,3 сентнер буда, ба вилояти Суғд 36,8 сентнер, вилояти Хатлон 37 сентнер, Душанбе 28 ва ба НТҶ 39,8 сентнер рост меояд.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 34659 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 16215 гектар, вилояти Хатлон 6573 гектар ва ба НТҶ 10601 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22.07.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 10516 гектар буда, ба ВМКБ 15 гектар, ба вилояти Суғд 2272 гектар, вилояти Хатлон 5801 гектар ва ба НТҶ 2428 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 184 сентнер буда, ба ВМКБ 186 сентнер, ба вилояти Суғд 176 сентнер, вилояти Хатлон 177 сентнер ва ба НТҶ 207 сентнер рост меояд.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38422 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9108 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8218 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22.07.2022 майдони ҷамъоваришуда, дар ҷумҳурӣ 26456 гектар буда, дар ВМКБ 5 гектар, дар вилояти Суғд 2728 гектар, дар вилояти Хатлон 18234 гектар ва НТҶ 5148 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 313 сентнер буда, ба ВМКБ 208 сентнер, ба вилояти Суғд 260 сентнер, вилояти Хатлон 327 сентнер ва ба НТҶ 293 сентнер рост меояд.
Рафти ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17430 гектар буда, ба вилояти Суғд 3793 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 654 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22.07.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 11129 гектар буда, Суғд 1356 гектар, дар вилояти Хатлон 9658 гектар, дар НТҶ 115 гектар ва ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 284 сентнер буда, ба вилояти Суғд 148 сентнер, вилояти Хатлон 305 сентнер ва ба НТҶ 180 сентнер рост меояд.
Рафти кишти такрории зироатҳои такрор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22.07.2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 95205 гектар кишт гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 73 гектар, иҷро шуд 53 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 19362 гектар буда, иҷро шуд 18640 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 60600 гектар буда, иҷро шуд 61155 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 15926 гектар буда, иҷро шуд 15410 гектар мебошад.
Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 22.07.2022 дар ҷумҳурӣ 1211216 тонна хӯроки дурушт ва 5535 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 9700 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 285081 тонна хӯроки дурушт, дар вилояти Хатлон 743549 тонна хӯроки дурушт ва 4713 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 172886 тонна хӯроки дурушт ва 822 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 932 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 411 адад, комбайни ғалладарав 24 адад, испори тракторӣ 134 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, кулухмайдакунак (фреза) 12 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 73 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 7 адад, картошкаканак 3 адад ва картошкашинонак 12, алафдаравак 15 адад. Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.07.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27479 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1590 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1101 адад комбайни ғалладарав, 8824 адад ядакҳои тракторӣ, 10290 адад испорҳои тракторӣ, 3389 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1478 адад достҳои тракторӣ, 823 адад тойбанду тагрезчин, 140 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 192 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 292 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тел: 2-35-39-23