Гузориш аз сафари кории муовини Вазири кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода ба шаҳри Кулоб ва ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик ва Данғара
22.07.2022
Санаҳои 20 – 21 июли соли равон муовини Вазири кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода ба шаҳри Кулоб ва ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик ва Данғара бо мақсади дар маҳал дида баромадани ҳолати зироатҳои кишоварзӣ, нашъу намои пахта, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон ва коркарди химиявии зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, рафти кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ сафари корӣ анҷом дод.
Дар сафари корӣ ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Файзулло Амиршоев, раис ва муовинони раиси ноҳияҳо, сардорони Раёсатҳои кишоварзӣ ва дигар масъулин ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳангоми боздид ва мулоқот ба масъулин аз ҷониби муовини вазир Ҷаббор Носирзода оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи маводҳои истеъмолӣ, нашъу намои пахта, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон ва коркарди химиёвии зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, рафти кишти такрорӣ, обрасонӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ дастуру тавсияњои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон