Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоИштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай доир ба масъалаҳои кишоварзӣ

Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай доир ба масъалаҳои кишоварзӣ

26.07.2022

Санаҳои 24-25 июли соли 2022 таҳти раёсати Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай доир ба масъалаҳои кишоварзӣ баргузор гардид, ки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Хожаев Жамшид Абдухакимович баргузор гардид.

Тибқи Рӯзнома дар ҳошияи ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзо доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва андешидани чораҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои мавҷуда миёни кишоварҳои СХШ суханронӣ намуда, тақвияти ҳамкории муштаракро вобаста ба афзоиши содироти маҳсулоти озуқаворӣ миёни мамлакатҳо, дастгирии ташаббусҳои давлатҳои аъзо доир ба масъалаҳои кишоварзӣ, инчунин пайгирӣ ва татбиқи саривақтии муқарраротҳои Созишнома байни Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ-ро сариқактӣ арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади бунёд ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ бо такя ба татбиқи технологияи муосир ҷиҳати рушди илму инноватсия дар соҳаи кишоварзӣ дар ҳошияи Ҷаласа аз ҷониби сарони ҳайатҳои иштироккунанда Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи кишоварзии хушманд ва агроинноватсия қабул гардид.

Дар интиҳои чорабинии мазкур роҳбарони ҳайатҳо аз намоишгоҳи маҳсулоти меваю сабзавот таҳти унвони “Узбекистони Офтобӣ” дидан намуда, ташкили чунин намоишгоҳҳоро барои муаррифии молу маҳсулот миёни кишварҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон