Мулоқоти арзи эҳтиром ва муҳокимаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ.
Санаи 2 августи соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо роҳбари Гуруҳи дўстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷиикистону Ҷумҳурии Япония Кейҷи Фуруя баргузор гардид.
Дар мулоқот сардори Раёсати растанипарварӣ Фарухиддин Набизода, сардори Раёсати корҳо Аҳмадҷон Абдуллозода, сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ Баҳодур Назаров, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Файзмуҳаммад Амонов ва муовини директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Ботур Муминов ва аз ҷониби Гуруҳи дўстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷиикистону Ҷумҳурии Япония Кейҷи Фуруя, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Аики Тошиҳиро иштирок намуданд.
Дар рафти вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ маълумоти мухтасар доир ба нишондиҳандаҳои асосии соҳаи кишоварзии мамлакатро пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки соҳаи кишоварзӣ ба техникаю мошинолот ниёз дошта, дар ин радиф аз ҷониби Ҷопон тезонидани баррасии лоиҳаи «Механиконии устувори соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон» саривақтӣ мебошад.
Бо дарназардошти тамъу сифати хуб доштани ангури Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейҷи Фуруя барои содироти ангур аз Тоҷикистон ба Ҷопон ҳавасмандии худро баён намуд.
Ба сифати маълумот аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳазор гектар токзор мавҷуд буда, 35 ҳазор гектари он мевадиҳанда мебошад. Мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2021, 270 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардида, 52 ҳазор тоннаи он асосан ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон содирот карда шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 193 навъи ангур мавҷуд буда, асосан токпарварон 20 навъи онро бештар парвариш менамоянд.
Аз ҷониби роҳбари ҳайати Ҷопон оид ба сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули самимона миннатдорӣ баён намуда, изҳори хоҳиш карда шуд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳо ва идома додани муносибатҳо вобаста ба содироти ангур, аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин вобаста карда шавад ва маълумотнома дар бораи ангурҳои ба содирот нигаронидашуда пешниҳод гардад.
Мавриди зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Япония тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 88,8 миллион долларро ташкил намудааст. Дар шаш моҳи соли 2022 бошад ба 49,5 миллион доллар расидааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон