Мулоқоти муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода бо директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ
12.08.2022
Санаи 11 августи соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода бо директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ ва Сафири давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баргузор гардид.
Зимни мулоқот муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода ташрифи меҳмононро ба Вазорат нишонаи ҳамкориҳои судманд арзёбӣ намуда, барои ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Фаластин табрик намуд. Ҳамзамон вобаста ба имконияҳо, нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат иттилоъ дода, зикр намуд, дар доираи ҳамкориҳои судманд дар оянда оид ба содироту воридоти маҳсулотҳои кишоварзӣ, чорво, паранда, моҳӣ, техникаҳои кишоварзӣ ва ҳамзамон мубодилаи таҷриба чораҳои зарури андешида мешаванд.
Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ ва Сафири давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ карда, доир ба ҳамкориҳо дар доираи содироту воридоти молу маҳсулоти соҳа, аз ҷумла, дар самти чорводорӣ, бордоркунии сунъӣ, зиёд намудани шири чорво, мутобиқкунии зироатҳои кишоварзӣ, табодули таҷрибаи мутахассисону олимони соҳа ибрози назар намуданд. Ҳавасмандии хешро доир ба табиати Тоҷикистон мутобиқ намудани дарахтони мевадиҳандаи ситрусӣ, хурмои арабӣ, зайтун ва зироатҳои дар об парваришшаванда ба воситаи таҷрибаи мутахассисону олимони фаластинӣ изҳор карданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳамкориҳои зичро марбут ба соҳа ба таври зарурӣ ба роҳ мемонанд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон