Гузориши матбуотӣ ба санаи 12.08.2022
Рафти чорабиниҳои агротехникии пахта дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишт дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта бояд гузаронида мешуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181542 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла, вилояти Суғд нақшаи кишти пахта 59000 гектар, иҷро шуд 57159 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти пахта 123000 гектар, иҷро шуд 121694 гектар, Душанбе 22 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти пахта 4000 гектар, иҷро шуд 2667 гектар мебошад
Ҳамзамон гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта аз ҷумла коркарди байни қаторҳо, озуқадиҳӣ ва оби сабзиш мувофиқи талаботи зарурӣ дар ҳамаи майдонҳои пахтазори ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 304695 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107391 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 51026 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 12.08.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 257157 гектар буда, ба ВМКБ 487 гектар, ба вилояти Суғд 79635 гектар, вилояти Хатлон 132527 гектар, Душанбе 585 гектар ва ба НТҶ 43923 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 32,2 сентнер буда, ба ВМКБ 15 сентнер, ба вилояти Суғд 29 сентнер, вилояти Хатлон 35,7 сентнер, Душанбе 25 сентнер ва ба НТҶ 27 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 815395 тоннаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, майдони кишти гандум 210438 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122581 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39121 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 12.08.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 200262 гектар буда, ба ВМКБ 412 гектар, ба вилояти Суғд 42025 гектар, вилояти Хатлон 121090 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 36211 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 34,6 сентнер буда, ба ВМКБ 15 сентнер, ба вилояти Суғд 36 сентнер, вилояти Хатлон 36 сентнер, Душанбе 26 ва ба НТҶ 28,5 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 682808 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 34659 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 16215 гектар, вилояти Хатлон 6573 гектар ва ба НТҶ 10601 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 12.08.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 12081 гектар буда, ба ВМКБ 39 гектар, ба вилояти Суғд 3384 гектар, вилояти Хатлон 6049 гектар ва ба НТҶ 2609 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 190 сентнер буда, ба ВМКБ 124 сентнер, ба вилояти Суғд 196 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 211 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 229625 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38422 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9108 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8218 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 12.08.2022 майдони ҷамъоваришуда, дар ҷумҳурӣ 31057 гектар буда, дар ВМКБ 40 гектар, дар вилояти Суғд 4263 гектар, дар вилояти Хатлон 19885 гектар ва НТҶ 6869 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 309 сентнер буда, ба ВМКБ 136 сентнер, ба вилояти Суғд 279 сентнер, вилояти Хатлон 323 сентнер ва ба НТҶ 286 сентнер рост меояд.
Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 958157 тоннаро ташкил медиҳад: 418612 тонна пиёз, 42774 тонна карам, 186425 тонна помидор, 107509 тонна бодаринг, 100789 тонна сабзӣ ва 102048 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд.
Рафти ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17430 гектар буда, ба вилояти Суғд 3793 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 654 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 12.08.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 14535 гектар буда, Суғд 2641 гектар, дар вилояти Хатлон 11575 гектар, дар НТҶ 319 гектар ва ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 297 сентнер буда, ба вилояти Суғд 272 сентнер, вилояти Хатлон 306 сентнер ва ба НТҶ 183 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 432251 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 12.08.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 137913 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 640 тонна, ба вилояти Суғд 51468 тонна, ба вилояти Хатлон 67894 тонна, ба НТҶ 17911 тонна рост меояд.
Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 24626 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 2461 тонна, ба вилояти Хатлон 11103 тонна, ба НТҶ 11062 тонна рост меояд.
Рафти кишти такрории зироатҳои такрор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 12.08.2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 108924 гектар кишт гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 73 гектар, иҷро шуд 82 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 19362 гектар буда, иҷро шуд 23939 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 60600 гектар буда, иҷро шуд 67589 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 15926 гектар буда, иҷро шуд 17314 гектар мебошад.
Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 12.08.2022 дар ҷумҳурӣ 1586940 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 12984 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 381370 тонна хӯроки дурушт ва 2134 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 871463 тонна хӯроки дурушт ва 6821 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 309437 тонна хӯроки дурушт ва 5566 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 августи соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1212 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 447 адад, комбайни ғалладарав 26 адад, испори тракторӣ 180 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, кулухмайдакунак (фреза) 12 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 73 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 67 адад, картошкаканак 6 адад ва картошкашинонак 1, алафдаравак 21 адад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.08.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27477 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1590 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1100 адад комбайни ғалладарав, 8823 адад ядакҳои тракторӣ, 10291 адад испорҳои тракторӣ, 3390 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1478 адад достҳои тракторӣ, 823 адад тойбанду тагрезчин, 140 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 192 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 292 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот Тел: 2-35-39-23