Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳо БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД,

БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД,

17.08.2022

 

  1. Сармутахассиси Раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1660 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти ҳуқуқ) - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1660 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти кадрӣ) - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ
  5. Сармутахассиси Раёсати растанипарварӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси Бахши байторӣ ва зотпарварии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1660 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси Шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ- 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1660 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти ҳуқуқ) - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ 90 дирам.
  9. Мутахассиси пешбари Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо (бойгонӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ 90 дирам.
  10. Мутахассиси пешбари Шуъбаи матбуот ва иттилоот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ 90 дирам.
  11. мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352 сомонӣ 90 дирам.
  12. Мутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112 сомонӣ 20 дирам.
  13. Мутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1112 сомонӣ 20 дирам.

 

Талаботи тахассусӣ 

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. 

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Эзоҳ: довталабон маълумоти бештарро оиди талаботҳои тахассусӣ метавонанд тавассути сомонаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии тоҷикистон www.moa.tj ва сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон www.ahd.tj  дастрас намоянд.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-  ариза ба унвони роҳбари мақомот;

-  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-  тарҷумаи ҳол;

-  нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-  маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

-  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

-  нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН)

-  маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи 

   молу мулкӣ;

-  нусхаи шиноснома;

-  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-  маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ;

маълумотнома (объективка).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

шаҳри Душанбе, н.Сино, кўчаи Шамсӣ 5/1

телефон барои тамос: 235-38-61, 235-38-44

почтаи электронӣ: kadrikishovarzi@mail.ru 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.