Гузориши матбуотӣ ба санаи 26.08.2022
Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишт дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта бояд гузаронида мешуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181589 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон 121741 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.
Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.08.2022 ҳосили ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 9500 тонна буда, танҳо ба вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Дар вилояти Суғд ва НТҶ дар рӯзҳои наздик ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз мегардад.
Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 304695 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107391 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 51026 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.08.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 273351 гектар буда, ба ВМКБ 798 гектар, ба вилояти Суғд 87160 гектар, вилояти Хатлон 137805 гектар, Душанбе 695 гектар ва ба НТҶ 46893 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 31,9 сентнер буда, ба ВМКБ 17,8 сентнер, ба вилояти Суғд 28,4 сентнер, вилояти Хатлон 36,1 сентнер, Душанбе 25 сентнер ва ба НТҶ 26 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 866476 тоннаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, майдони кишти гандум 210438 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122581 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39121 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.08.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 205921 гектар буда, ба ВМКБ 615 гектар, ба вилояти Суғд 45309 гектар, вилояти Хатлон 121359 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 38114 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 34,3 сентнер буда, ба ВМКБ 18,0 сентнер, ба вилояти Суғд 35,3 сентнер, вилояти Хатлон 36,0 сентнер, Душанбе 26,0 ва ба НТҶ 28,1 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 700487 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 34665 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 16215 гектар, вилояти Хатлон 6573 гектар ва ба НТҶ 10607 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.08.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 13350 гектар буда, ба ВМКБ 77 гектар, ба вилояти Суғд 4241 гектар, вилояти Хатлон 6049 гектар ва ба НТҶ 2983 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 191 сентнер буда, ба ВМКБ 139 сентнер, ба вилояти Суғд 196 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 211 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 254781 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38422 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9108 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8218 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.08.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 32491 гектар буда, дар ВМКБ 77 гектар, дар вилояти Суғд 4923 гектар, дар вилояти Хатлон 20368 гектар ва НТҶ 7123 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 309 сентнер буда, ба ВМКБ 143 сентнер, ба вилояти Суғд 277 сентнер, вилояти Хатлон 321 сентнер ва ба НТҶ 301 сентнер рост меояд.
Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 1004960 тоннаро ташкил медиҳад: 432517 тонна пиёз, 43033 тонна карам, 205757 тонна помидор, 111117 тонна бодаринг, 105630 тонна сабзӣ ва 106906 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд.
Рафти ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17430 гектар буда, ба вилояти Суғд 3793 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 654 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.08.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 15825 гектар буда, Суғд 3103 гектар, дар вилояти Хатлон 12327 гектар, дар НТҶ 395 гектар ва ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 296 сентнер буда, ба вилояти Суғд 271 сентнер, вилояти Хатлон 306 сентнер ва ба НТҶ 187 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 468581 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.08.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 141142 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 1030 тонна, ба вилояти Суғд 51560 тонна, ба вилояти Хатлон 70314 тонна, ба НТҶ 18238 тонна рост меояд.
Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 38837 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 7019 тонна, ба вилояти Хатлон 15774 тонна, ба НТҶ 16044 тонна рост меояд.
Рафти кишти такрории зироатҳои такрор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.08.2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 111382 гектар кишт гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 73 гектар, иҷро шуд 86 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 19362 гектар буда, иҷро шуд 24104 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 60600 гектар буда, иҷро шуд 69792 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 17315 гектар буда, иҷро шуд 17346 гектар мебошад.
Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 19.08.2022 дар ҷумҳурӣ 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 20637 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 18985 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 396781 тонна хӯроки дурушт ва 2134 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 883975 тонна хӯроки дурушт ва 9106 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 3272297 тонна хӯроки дурушт ва 9397 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 августи соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1212 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 447 адад, комбайни ғалладарав 26 адад, испори тракторӣ 180 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, кулухмайдакунак (фреза) 12 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 73 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 67 адад, картошкаканак 6 адад ва картошкашинонак 1, алафдаравак 21 адад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.08.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27477 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1590 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1100 адад комбайни ғалладарав, 8823 адад ядакҳои тракторӣ, 10291 адад испорҳои тракторӣ, 3390 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1478 адад достҳои тракторӣ, 823 адад тойбанду тагрезчин, 140 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 192 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 292 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот Тел: 2-35-39-23