Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 08.09.2022

Гузориши матбуотӣ ба санаи 08.09.2022

12.09.2022

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ.

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181541,5 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла,  дар вилояти Суғд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон 121694 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.

Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.09.2022 ҳосили  ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 45050 тонна буда, танҳо ба вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Дар вилояти Суғд ва НТҶ  дар рӯзҳои наздик ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз мегардад.

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ. 

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 304003 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107654 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 50026 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.09.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 280185 гектар буда, ба ВМКБ 1619 гектар, ба вилояти Суғд 93167 гектар, вилояти Хатлон 137805 гектар, Душанбе 710 гектар ва ба НТҶ 46884 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 31,6 сентнер буда, ба ВМКБ 19, сентнер, ба вилояти Суғд 27,2 сентнер, вилояти Хатлон 36,1 сентнер, Душанбе 23 сентнер ва ба НТҶ 28 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 879545 тоннаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, майдони кишти гандум 210435 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.09.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 207230 гектар буда, ба ВМКБ 815 гектар, ба вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 121359 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 38379 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 34,2 сентнер буда, ба ВМКБ 18,1 сентнер, ба вилояти Суғд 35,0 сентнер, вилояти Хатлон 36,0 сентнер, Душанбе 26 ва ба НТҶ 28,1 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 704063 тоннаро ташкил медиҳад. 

Рафти  ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 32158 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 15309 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9765 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.09.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 15466 гектар буда, ба ВМКБ 125 гектар, ба вилояти Суғд 6638 гектар, вилояти Хатлон 5475 гектар ва ба НТҶ 3228 гектар ташкил медиҳад.  Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 208 сентнер буда, ба ВМКБ 143 сентнер, ба вилояти Суғд 234 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 193 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 322383 тоннаро ташкил медиҳад. 

Рафти  ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38466 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9240 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8129 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.09.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 33913 гектар буда, дар ВМКБ 126 гектар, дар вилояти Суғд 5921 гектар, дар вилояти Хатлон 20368 гектар ва НТҶ 7498 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 312 сентнер буда, ба ВМКБ 151 сентнер, ба вилояти Суғд 285 сентнер, вилояти Хатлон 321 сентнер ва ба НТҶ 314 сентнер рост меояд.

Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 1059248 тоннаро ташкил медиҳад: 442181 тонна пиёз, 45331 тонна карам, 223331 тонна помидор, 113972 тонна бодаринг, 108943 тонна сабзӣ ва 125490 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд. 

Рафти  ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17492 гектар буда, ба вилояти Суғд 3853 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 657 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.09.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 16190 гектар буда, Суғд 3343 гектар, дар вилояти Хатлон 12327 гектар, дар НТҶ 520 гектар ва  ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 295 сентнер буда, ба вилояти Суғд 271 сентнер, вилояти Хатлон 306 сентнер ва ба НТҶ 202 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 478015 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.09.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 154360 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 1420 тонна, ба вилояти Суғд 60889 тонна, ба вилояти Хатлон 70314 тонна, ба НТҶ 21737 тонна  рост меояд.

Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 55847 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 14264 тонна, ба вилояти Хатлон 15774 тонна, ба НТҶ 25809 тонна  рост меояд. 

Рафти  кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.09.2022 дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 197614 гектар кишт гузаронида шуд.

Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 96 гектар, иҷро шуд 123 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 30100 гектар буда, иҷро шуд 40051 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 130505 гектар буда, иҷро шуд 131953 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 26443 гектар буда, иҷро шуд 25487 гектар мебошад.

Рафти  ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 02.09.2022 дар ҷумҳурӣ 1759171 тонна хӯроки дурушт ва 31401 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 19100 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 435096 тонна хӯроки дурушт ва 2660 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 944338 тонна хӯроки дурушт ва 16380 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 348951 тонна хӯроки дурушт ва 12361тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.