Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 16.09.2022

Гузориши матбуотӣ ба санаи 16.09.2022

20.09.2022

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ.

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181541,5 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла,  дар вилояти Суғд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон 121694 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.

Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.09.2022 ҳосили  ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 79911,75 тонна буда, ба вилояти Суғд 12399 тонна, ба вилояти Хатлон 66917 тонна ва  ба НТҶ 596 тонна рост меояд. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтапарвар бомаром идома дорад.

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ. 

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 304003 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107654 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 50026 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.09.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 286220 гектар буда, ба ВМКБ 2187 гектар, ба вилояти Суғд 95891 гектар, вилояти Хатлон 139551 гектар, Душанбе 710 гектар ва ба НТҶ 47881 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 31,1 сентнер буда, ба ВМКБ 17,1 сентнер, ба вилояти Суғд 26,4 сентнер, вилояти Хатлон 36 сентнер, Душанбе 23 сентнер ва ба НТҶ 27 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 888395 тоннаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, майдони кишти гандум 210435 гектар буда, ба ВМКБ 2059 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.09.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 209521 гектар буда, ба ВМКБ 1145 гектар, ба вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122580 гектар, Душанбе 524 гектар ва ба НТҶ 39119 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 34,2 сентнер буда, ба ВМКБ 17,0 сентнер, ба вилояти Суғд 35,0 сентнер, вилояти Хатлон 36,0 сентнер, Душанбе 26 ва ба НТҶ 27,8сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 713786 тоннаро ташкил медиҳад. 

Рафти  ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 32158 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 15309 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9765 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.09.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 16218 гектар буда, ба ВМКБ 222 гектар, ба вилояти Суғд 6642 гектар, вилояти Хатлон 5589 гектар ва ба НТҶ 3765 гектар ташкил медиҳад.  Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 208 сентнер буда, ба ВМКБ 146 сентнер, ба вилояти Суғд 234 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 212 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 337788 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38466 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9240 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8129 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.09.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 34468 гектар буда, дар ВМКБ 159 гектар, дар вилояти Суғд 5935 гектар, дар вилояти Хатлон 20554 гектар ва НТҶ 7820 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 312 сентнер буда, ба ВМКБ 155 сентнер, ба вилояти Суғд 284 сентнер, вилояти Хатлон 319 сентнер ва ба НТҶ 317 сентнер рост меояд.

Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 1074391 тоннаро ташкил медиҳад: 442967 тонна пиёз, 45581 тонна карам, 230255 тонна помидор, 116854 тонна бодаринг, 109270 тонна сабзӣ ва 129463 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд. 

Рафти  ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17492 гектар буда, ба вилояти Суғд 3853 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 657 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.09.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 16528 гектар буда, Суғд 3354 гектар, дар вилояти Хатлон 12596 гектар, дар НТҶ 578 гектар ва  ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 299 сентнер буда, ба вилояти Суғд 271 сентнер, вилояти Хатлон 311 сентнер ва ба НТҶ 183 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 493552 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

 Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.09.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 199636 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 1420 тонна, ба вилояти Суғд 60978 тонна, ба вилояти Хатлон 88251 тонна, ба НТҶ 48987 тонна  рост меояд.

Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 69528 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 14561 тонна, ба вилояти Хатлон 27585 тонна, ба НТҶ 27382 тонна  рост меояд. 

Рафти  кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ. 

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.09.2022 дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 197614 гектар кишт гузаронида шуд.

Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 96 гектар, иҷро шуд 123 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 30100 гектар буда, иҷро шуд 40051 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 130505 гектар буда, иҷро шуд 131953 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 26443 гектар буда, иҷро шуд 25487 гектар мебошад. 

Рафти  ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 02.09.2022 дар ҷумҳурӣ 1759171 тонна хӯроки дурушт ва 31401 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 19100 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 435096 тонна хӯроки дурушт ва 2660 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 944338 тонна хӯроки дурушт ва 16380 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 348951 тонна хӯроки дурушт ва 12361тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1289 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 490 адад, комбайни ғалладарав 28 адад, ядаки трактор 15 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, испори тракторӣ 180 адад, ҳаллакубак 17 адад, кулухмайдакунак (фреза) 15 адад, култиватор 5 адад, тойбанду тагрезчин 89 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 67 адад, картошкаканак 6 адад ва картошкашинонак 1, алафдаравак 21 адад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.09.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27470 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 74%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1589 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1100 адад комбайни ғалладарав, 8821 адад ядакҳои тракторӣ, 10291 адад испорҳои тракторӣ, 3387 адад култиваторҳо, 2301 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1476 адад достҳои тракторӣ, 825 адад тойбанду тагрезчин, 137 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 192 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 292 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот Телефон 2353923