Эълон: Дархости нархнома

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот»
Гранти Бонки осиёии рушд №0958-TAJ
Рақами мушаххаси лоиҳа 54111-008
Рақами истинод: RLERWP/RFQG-01
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки осиёии рушд (БОР) Гранти №0958-TAJ-ро барои татбиқи лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» гирифтааст. Дар назар аст, кияк қисми маблағҳои гранти мазкур тибқи шартномаи RLERWP/RFQG-01 барои хариди нақлиёт истифода бурда мешавад.
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (харидор) аз молтаъминкунандагони қобилиятнок ва соҳибихтисос даъват менамояд, ки барои хариди 2 адад нақлиёти (кроссовер), пешниҳоди нархҳои худро ирсол намоянд.
3. Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд маълумоти муфассалро аз Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар давоми соатҳои корӣ аз соати 9:00 то 17:00, аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа аз суроғаи зерин дастрас намоянд:
734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ, 27, (Бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад», Вазорати кишоварзӣ, ошёнаи 2, идораи ГТЛ).
4. Пешниҳоди нархҳо бояд ба суроғаи дар банди 3 зикршуда, на дертар аз 10 феврали соли 2025, то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ дастрас карда шаванд.
Рақамҳо барои тамос: (+ 992) 555 44 02 24 ё (+ 992) 918 62 57 95.
Почтаи электронӣ: piglerwp@gmail.com