Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҶашни Сада баргузор мегардад!

Ҷашни Сада баргузор мегардад!

27.01.2025 395

            Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2025, №АП-713 оид ба таҷлили Ҷашни Сада ва баргузории намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣмасъул буда, тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо санаи 01 феврали соли 2025 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ- и шаҳри Душанбе Ҷашни Сада ва баргузории намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ -ро баргузор намояд.

        Сокинон ва меҳмонони кишварро ба Ҷашни Сада ва баргузории намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣдаъват менамоем.


         Маркази матбуот ва иттилооти

         Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон