ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Мамлакат: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа: «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот»
Рақами Грант: 0598-TAJ
Рақами Лоиҳа: 54111-008
Агентии иҷроия: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои маблағгузории лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Хазинаи махсуси БОР (Фонди Рушди Осиё) 17,50 миллион доллари ИМА грант ҷудо кардааст.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси агентиҳои татбиқи лоиҳа фаъолият мекунанд. Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таҳти роҳбарии Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шудааст. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, тарҳрезӣ, харид, назорати сохтмон, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ масъул аст.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмуни интихобӣ барои ишғоли вазифаи холии Мутахассис оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба ГТЛ (рӯзи кории нопурра) даъват менамоянд. Бо вазифаҳои тахассусӣ барои Мутахассис оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣдар ишораи зерин шинос шудан мумкин аст:
https://l1nq.com/ict-specialist-tor
Довталабон бояд маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод кунанд:
• Ариза ба номи Директори лоиҳа ба забони тоҷикӣ;
• Маълумотнома (CV) (https://l1nq.com/malumotnoma) бо имзо ва сана ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (тибқи намунаи БОР https://l1nq.com/cv-adb-format);
• Тавсиянома аз ҷойи кори охирин;
• Нусхаи диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси зарурӣ;
• Нусхаи сертификатҳои марбут ба вазифаи дархостшуда.
Ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида, бояд дар конверт бо нишон додани вазифаи холӣ ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 27 (Бинои КВД «Мадад», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи 2, утоқи кории Гурӯҳи татбиқи лоиҳа), ба Менеҷери ГТЛ Тагозода Одил.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 30 апрели соли 2025, соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ.
Маълумоти иловагиро, аз соати 9:00 то 17:00 аз рӯзи душанбе то ҷумъа гирифтан мумкин аст, Телефон: +992 555 44 02 24, ё ки +992 918 62 57 95.
Почтаи электронӣ: piglerwp@gmail.com.