Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоВохӯрии муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.04.2025 111

            Санаи 25 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои муқарраротҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030мулоқот баргузор гардид.

            Дар ҷаласа муовини якуми вазири кишоварзӣ Асозода Нуралӣ, Сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд.

            Ҷаласаро муовини якуми вазири кишоварзӣ Асозода Н.М. кушода, сипас Сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”,  оид ба баррасии пешниҳодҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ва 29 марти соли 2025, №11-919 ва №11-936 “Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд” баромад намуд.

            Дар фарҷоми вохӯрӣ мубодилаи афкор ва суолу ҷавобҳои кормандони вазорат бо  намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Маркази матбуот ва иттилооти 

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон