Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (Ба ҳолати 25.04.2025)

Гузориши матбуотӣ (Ба ҳолати 25.04.2025)

28.04.2025 207

Рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 25.04.2025 майдони 597176 гектар шудгор шуда, дар масоҳати кишти 186258,2 гектар озуқадиҳии ғалладонагиҳо ва дар майдони 336275 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шуд.

Аз ҷумла, ғалладонагиҳо 80885 гектар, гандум 29804 гектар ва ҷав 36701 гектар мебошад, пахта 158929 гектар, зироатҳои равғандиҳанда 18488 гектар, картошка 15537,3 гектар, сабзавот 31486 гектар аз он пиёз 15692 гектар, сабзӣ 3780 гектар, карам 1458 гектар, помидор 3953 гектар, бодиринг 2458 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 4145 гектар, полизӣ 10186 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 20511 гектар кишт карда шуд.

Инкишоф ва сабзиши пахта


Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳоиҷумҳурӣ ба ҳолати 25.04.2025 дар майдони 158929 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 44690 гектар пурра инкишоф ёфтааст.  

         “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”

Дар асоси маълумотҳо ба ҳолати 25.04.2025 ҳамагӣ дар майдони 534 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз он боғ 453 гектар ва токзор 81 гектар, интенсивӣ 106 гектар, ситрусӣ 7 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 2471 гектар, аз он боғ 2198 гектар ва токзор 273 гектарро дар бар мегирад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 25.04.2025 дар ҷумҳурӣ 997 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд аст ва майдони умумии гармхонаҳо 176 гектар буда, дар майдони 128,8 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 65,1 гектар, бодиринг 30,7 гектар ва дигар сабзавотҳо 32,8 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ҳамагӣ ба миқдори 1617,6 тонна сабзавот, аз он помидор 611,1 тонна, бодиринг 338,1 тонна ва дигар сабзавотҳо 668,4 тонна истеҳсол шудааст.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 25.04.2025 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 2844 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 928 гектар, бодиринг 811 гектар ва дигар сабзавотҳо 1105 гектарро ташкил медиҳад.

Аз он помидор 30 тонна, бодиринг 1133 тонна ва дигар сабзавотҳо 1543 тонна истеҳсол шудааст.

Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 449221 сар барраю бузғола насл гирифта шавад.

Ба ҳолати 25.04.2025  420179  сар барраю бузғола насл гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28737 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 84 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.


Маркази матбуот ва иттилооти 

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 235 39 23