Мулоқоти вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 майи соли 2025 вохӯрии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дорж Баярхуу баргузор гардид.
Дар доираи вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои тезонидани раванди баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, баргузории ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак дар соҳаи кишоварзӣ миёни ниҳодҳои кишоварзии ду кишвар, воридоти қутосҳои хушзот барои беҳтар намудани зоти қутос дар мамлакат, содироти меваю сабзавот ба Муғулистон, табодули таҷриба ва танзими сафарҳои гурӯҳҳои кории муштарак дар самти зироаткорӣ, боғу токпарварӣ ва чорводориро (бахусус қутоспарварӣ) баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тезонидани татбиқи амалии афзалиятҳои муайянгардида ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштаракро дар фурсати наздиктарин доир намуда, марҳила ба марҳила ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ тақвият медиҳанд.
Дар маҷмуъ мулоқоти мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, ҷонибҳо бо истифода аз иқтидорҳои мавҷудаи якдигар минбаъд ҳамкориҳоро рушд медиҳанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот