Иштироки занону бонувони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем”

08.05.2025 80
Санаи 7-уми майи соли ҷорӣ занону бонувони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.2025, №3211 (25-3) барои арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ” дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки дар Боғи Куруши Кабири пойтахт баргузор гардид иштирок намуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот