Вохӯрии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби Президенти КОИКА

16.05.2025 318
Санаи 16 -уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ вохӯрии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо ноиби Президенти КОИКА Сок Хва Хонг доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳо вобаста ба парвариши зироат дар гармхонаҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизоӣ байни ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурди осебпазир тавассути дастгирии рушди иқтидори рақамӣ ва молиявии онҳо, таҳкими иқтидори кишоварзон ва мутахассисони соҳа баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноиби Президенти КОИКА Протоколи Лоиҳаи "Дастгирии бунёди гармхонаи замонавӣ барои боғдорӣ дар Тоҷикистон" ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон