Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 16.05.2025 )

Инкишоф ва сабзиши пахта
Дар асоси маълумотҳои Раёсатирастанипарварӣ оид ба инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.05.2025 дар майдони 182351 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 139976 гектар пурра инкишоф ёфтааст.
Рафти ҷамъоварии картошка дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотифаврииРаёсатирастанипарварӣдарҷумҳурӣбаҳолати 16.05.2025 дармайдони умумии 31463 гектаркартошкакишткардашудааст. Масоҳати ҷамъоваришуда 356 гектарбуда, ҳосили умумӣ 5715 тонна ва ҳосилнокӣ 160,5 сентнерроташкилмедиҳад.
Рафти шудгор ва кишти баҳориизироатҳоикишоварзӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.05.2025 майдони 602208 гектар шудгор шуда, дар масоҳати кишти 186258,2 гектар озуқадиҳии ғалладонагиҳо гузаронида шуд.
Дар майдони 424165 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шуд ки, аз он ғалладонагиҳо 103672 гектар, гандум 39357 гектар ва ҷав 38715 гектар мебошад, зироатҳои равғандиҳанда 22511 гектар, картошка 31463 гектар, сабзавот 40031 гектар аз он пиёз 16564 гектар, сабзӣ 4715 гектар, карам 1719 гектар, помидор 6974 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 6347 гектар, полизӣ 15917 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 27949 гектар кишт карда шуд.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.05.2025 дар майдони 43452 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Майдони ҷамъоваришуда 5392 гектар буда, ҳосили умумӣ 182901 тонна ва ҳосилнокӣ 339,2 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 137401 тонна, карам 13497 тонна, бодиринг 2970 тонна, сабзӣ 13879 тонна ва дигар сабзавотҳо 15154 тонна мебошад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.05.2025 дар майдони 15917 гектар полизӣ кишт карда шудааст.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Ба ҳолати 16.05.2025 мевагиҳои ҷамъоваришуда 976 тоннаро ташкил медиҳад.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.05.2025 дар ҷумҳурӣ 997 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд аст ва майдони умумии гармхонаҳо 176 гектар буда, дар майдони 129,4 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 65,2 гектар, бодиринг 30,9 гектар ва дигар сабзавотҳо 33,1 гектарро ташкил медиҳад.
Аз майдони умумии киштшуда ҳамагӣ ба миқдори 1778,7 тонна сабзавот, аз он помидор 654,8 тонна, бодиринг 418,3 тонна ва дигар сабзавотҳо 705,8 тонна истеҳсол шудааст.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.05.2025 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 2844 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 928 гектар, бодиринг 811 гектар ва дигар сабзавотҳо 1105 гектарро ташкил медиҳад.
Аз он помидор 1981 тонна, бодиринг 15679 тонна ва дигар сабзавотҳо 21800 тонна истеҳсол шудааст.
Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 449221 сар барраю бузғола насл гирифта шавад.
Ба ҳолати 14.05.2025 451695 сар барраю бузғола насл гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35727 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 90 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон
Тел: 235 39 23