Таъзия

20.05.2025 238
Роҳбарият ва кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти собиқ муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода сахт андуҳгин буда, ба аҳли хонавода ва хешону наздиконашон ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода 10 сентябри соли 1961 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст.
Соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси инженер - механик хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1979-1980 Коргари совхози ба номи Ш. Шоҳтемури ноҳияи Шуғнон
Солҳои 1980-1982 Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ
Солҳои 1982-1983 Шунавандаи Институти хоҷагии қишлоқ
Солҳои 1983-1988 Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон
Солҳои 1988-1994 Муҳандиси шуъбаи назорати техникӣ ШКД Тоҷикистон
Солҳои 1994-1995 Сардори хадамоти «Тоҷикавтотранс»
Солҳои 1995-1997 Сармутахассиси хадамоти танзими Вазорати нақлиёт
Солҳои 1997-2000 Сардори марказӣ хадамоти танзими Вазорати нақлиёт
Солҳои 2000-2002 Сардори шӯъбаи боркашонии Вазорати нақлиёт
Солҳои 2002-2003 Муовини сардори Департаменти нақлиёти автомобили Вазорати нақлиёт
Солҳои 2003-2006 Сардори шӯъбаи ташкил ва идораи ҳамлу нақл, муовини сардор, Вазорати нақлиёт
Солҳои 2006-2010 Сармутахассиси шӯъбаи мусофирбарии Вазорати нақлиёт
Солҳои 2010-2013 Сардори шӯъбаи байналмилалӣ-Директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Анбат-Сервис»
Солҳои 2013 - 2025 Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мукофотҳои давлатӣ: Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2019, №1336 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон