Баргузории семинар-машварати Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ

Санаи 22 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оид ба муқаррароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ баргузор гардид.
Дар семинар-машварати мазкур муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Машокир Фозил, муовини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Назрулло, муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории кумита Назирзода Назирҷон, сармутахассиси Раёсати хизматрасонӣ ва андозсупорандагони Кумита Умаров Ҳабибулло, мутахассиси Раёсати такмили қонунгузории Кумита Ғафуров Зоирҷон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи он иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини вазири кишоварзӣ Назарзода М.Ф. кушода, сипас муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории кумита Назирзода Назирҷон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз баромад намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мубодилаи афкор ва суолу ҷавобҳои кормандони вазорат бо намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон