Мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон

Санаи 23 майи соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Машокир Фозил бо ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии Такиров Умрат Канатбекович – директори Муассисаи давлатии «Маркази рушд ва пешбарии содирот «Кыргыз Экспорт»-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар мулоқот раёсату шуъбаҳои дахлдор, роҳбарони ташкилоту идораҳои зертобеи вазорат дар самти чорводорӣ ва намояндагон аз ҶСП «Мармарӣ», ҶСК «Акома» ва ҶСП «Комбинати шири Душанбе» низ иштирок доштанд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар самти чорводорӣ, аз ҷумла ветеринарӣ, воридоту содироти пӯсту пашм, тухм, маҳсулотҳои ширию гӯштӣ, хӯроки чорвою паранда, инчунин дар самти воридоту содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.
Дар маҷмуъ мулоқоти мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои чорводорию растанипарварӣ даъват ба амал оварда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон