Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоСеминари илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид

Семинари илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид

24.05.2025 148

          Санаи 24 майи соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Семинари илмӣ - амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид.
          Дар семинари мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Иброҳим Абдураҳмонов, намояндагони вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистону Узбекистон, олимону мутахассисони Акадаемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кишоварзону роҳбарони хоҷагиҳо иштирок намуданд.
          Дар қисми амалии семинар иштирокдорон аз қитъаҳои таҷрибавии навъҳои гандуми хориҷӣ дар филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд, қитъаҳои парвариши навъҳои гандуми Нодир ва Давр дар Пойгоҳи “Сомғор”-и Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров ва аз бунёди боғи интенсивӣ дар Муассисаи давлатии Боғи ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд дидан намуданд.
          Дар қисми назариявии семинари мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Иброҳим Абдураҳмонов бо сухани ифтитоҳии хеш Семинари илмӣ – амалии байналмиллалӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” оғоз намуданд.
         Дар рафти семинари мазкур олимону мутахасиссони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон дар мавзуъҳои “Технологияи муосири парвариши гандуми тирамоҳӣ дар шароити Тоҷикистон”, “Технологияи бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар шароити Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои хоси парвариши сабзавотҳо дар шароити гармхонаҳои инноватсионӣ”, “Парандапарварӣ дар Тоҷикистон”, “Таъминоти илмӣ, рушди босамар ва коркарди маҳсулоти он”, “Парвариши чорво, хусусиятҳои хоси парвариш ва дурнамои рушди соҳа” ва дигар масъалаҳо баромад намуданд.
Дар анҷоми семинар ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо дар самти илму истеҳсолот ҳавасмадии хешро изҳор намуданд.
Маркази матбуот ва иттилоти Вазорати кишоварзиии Ҷумҳурии Тоҷикистон