Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (ба ҳолати 30.05.2025 )

Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 30.05.2025 )

02.06.2025 193

Инкишоф ва сабзиши пахта

         Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2025 дар майдони 182455  гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 162733 гектар пурра инкишоф ёфтааст. 

Рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ

Дар асоси  маълумотҳои  фаврӣ  мувофиқи  вилоятҳо  ва  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  дар  ҷумҳурӣ  ба  ҳолати 30.05.2025 майдони 602666 гектар шудгор шуда, дар  майдони 441128 гектар кишт гузаронида шуда,  масоҳати 186258,2 озуқадиҳии ғалладонагиҳо гузаронида шуд.

Аз майдони  киштшуда - ғалладонагиҳо 109493 гектар, гандум 40127 гектар ва ҷав 38870 гектар, зироатҳои техникӣ 206457 гектар, аз он пахта 182455 гектар, зироатҳои равғандиҳанда 23730 гектар, картошка 34747 гектар, сабзавот 41839 гектар аз он пиёз 16590 гектар, сабзӣ 4829 гектар, карам 1730 гектар, помидор 7773 гектар, бодиринг 7773 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 6930 гектар, полизӣ 95 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 30218 гектар кишт карда шуд.

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2025 майдони 289930 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд.

Аз майдони 12084 гектар даравида, майдони 11253 гектар куфта шудааст, ки ҳосили умумӣ 37863 тонна ва ҳосилнокӣ 33,6 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии картошка дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2025 дар майдони умумии 32266  гектар картошка кишт карда шудааст. Масоҳати ҷамъоваришуда 1886 гектар будаҳосили умумӣ 29442 тонна ва ҳосилнокӣ 156,1 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2025 дар майдони 40364 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 9616 гектар будаҳосили умумӣ 335182 тонна ва ҳосилнокӣ 349 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 246073 тонна, карам 22043 тонна, помидор 2107 тонна, бодиринг 13318 тонна, сабзӣ 30310 тонна ва дигар сабзавотҳо 21331 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2025 дар майдони 16166 гектар полизӣ кишт шуда, масоҳати ҷамъоваришуда 760 гектарро ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 19970 тонна буда, ҳосилнокӣ 262,8 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии меваю ангур

Ба ҳолати 30.05.2025 мевагиҳои ҷамъоваришуда 14257 тоннаро ташкил медиҳад.

Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати  чорводорӣпарандапарварӣмоҳипарварӣ  ва  занбӯриасалпарварии  вазорат  аз  хоҷагиҳои  ҷамоавӣ  ва  деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 449221 сар барраю бузғола насл гирифта шавад.

Ба ҳолати 30.05.2025  452129  сар барраю бузғола насл гирифта шудаастки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35691 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 91 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.

Захираи хӯроки чорво

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣпарандапарварӣмоҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат оид ба захираи хӯроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2025 225707 тонна хӯроки дурушт захира карда шудааст.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тел: 235 39 23