Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (ба ҳолати 05.06.2025)

Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 05.06.2025)

09.06.2025 162

Инкишоф ва сабзиши пахта

         Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.06.2025 дар майдони 182466  гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 168653 гектар пурра инкишоф ёфтааст. 

Рафти кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ

Дар асоси  маълумотҳои  фаврӣ  мувофиқи  вилоятҳо  ва  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  дар  ҷумҳурӣ  ба  ҳолати 05.06.2025 дар  майдони 444992 гектар кишт гузаронида шудааст.

Аз майдони  киштшуда - ғалладонагиҳо 110711 гектар, гандум 40163 гектар ва ҷав 38934 гектар, зироатҳои техникӣ 206498 гектар, аз он пахта 182466 гектар, зироатҳои равғандиҳанда 23760 гектар, картошка 36505 гектар, сабзавот 42640 гектар аз он пиёз 16901 гектар, сабзӣ 4942 гектар, карам 1782 гектар, помидор 7872 гектар, бодиринг 4046,5 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 7096 гектар, полизӣ 18390 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 30249 гектар кишт карда шуд.

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.06.2025 дар майдони 296968 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд.

Аз он майдони 25226 гектар даравида, майдони 23988 гектар куфта шудааст, ки ҳосили умумӣ 79120 тонна ва ҳосилнокӣ 33,0 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии ҳосили гандум

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.06.2025 дар майдони 197825 гектар кишти гандум гузаронида шуд.

Аз он майдони 17483 гектар даравида, майдони 16563 гектар куфта шудааст, ки ҳосили умумӣ 60631 тонна ва ҳосилнокӣ 33,6 сентнерро ташкил медиҳад.

Захираи хӯроки чорво

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣпарандапарварӣмоҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат оид ба захираи хӯроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.06.2025 238864 тонна хӯроки дурушт захира карда шудааст.


Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тел: 235 39 23