Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 13.06.2025)

Инкишоф ва сабзиши пахта
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.06.2025 дар майдони 182466 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 173761 гектар пурра инкишоф ёфтааст.
Рафти ҷамъоварии сабзавот
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.06.2025 дар масоҳати 42640 гектар кишт гузаронида шуда, аз он масоҳати 11662 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст.
Ҳосили умумӣ 456660 тонна буда, ҳосилнокӣ 392 сентнерро ташкил медиҳад.
Аз майдони ҷамъоваришуда - пиёз 262103 тонна, карам 27151 тонна, помидор 29715 тонна, бодиринг 39276 тонна, сабзӣ 46372 тонна.
Рафти ҷамъоварии картошка
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.06.2025 дар майдони 36505 гектар кишти картошка гузаронида шуд.
Аз он майдони 3623 гектар ҷамъоварӣ шуд ки, ҳосили умумӣ 60017 ваҳосилнокӣ 165,7 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии полизӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.06.2025 дар масоҳати 18390 гектар кишти картошка гузаронида шуда, аз он масоҳати 2397 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст.
Ҳосили умумӣ 53766 тонна буда, ҳосилнокӣ 224, 3 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.06.2025 40225 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст.
Захираи хӯроки чорво
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат оид ба захираи хӯроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.06.2025 376335 тонна хӯроки дурушт ва 4620,0 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 235 39 23